Ифтитоҳи майдони варзишӣ ва толори варзишии болопӯшида дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

Сентябрь 24, 2020 15:52

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ 24 сентябр Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар деҳаи Хайркорони  ноҳияи  Шамсиддини  Шоҳин   Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”-ро ба истифода супурданд.

Маҷмаи варзишии  мазкур  аз  шумори иншоотест, ки  ба  истиқболи ҷашни  30 — солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Сулаймон Шамсов бо маблағи    550   ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Маҷмааи варзишии “Бахтиёри Шамс”  дорои  толори варзишии болопӯшида  аст, ки дарозиаш 40 метр ва  паҳноиаш 18 метрро ташкил медиҳад.
Ба  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ иттилоъ доданд, ки  толори варзишии болопӯшида барои бозии футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол ва  намудҳои гуногуни  варзиш  пешбинӣ шуда, дар он барои варзишгарон  ҷойҳои либосивазкунӣ  ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошад.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба    соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ҳисси  баланди ватандӯстӣ  дар  корҳои созандагӣ саҳми фаъол гузоштааст, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро  нишонаи олии ватандӯстӣ  арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарон  таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ба  таври     васеъ  истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд.
Дар    шафати толори варзишии болопӯшида  ҳамчунин майдони варзишӣ  бо  дарозии  110 метр ва  паҳноии 65 метр, ки  дорои  800 ҷойи нишаст мебошад, тибқи   стандарти байналмилалӣ бунёд гардида, барои бозии футбол пешбинӣ шудааст.

Саҳн  ва  атрофи толори варзишии болопӯшида  ва майдони варзишӣ бо  шинонидани  ниҳоли дарахтони ороишӣ  ва  сояафкани нодир  ба мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.

Наврасону  ҷавонон дар ин маҷмааи варзишӣ, ки  дорои шароити мусоид  аст,  ба машқу тамрин машғул  шуда, дар оянда  ба  ҳайси  варзишгарони  варзида  муаррифи давлату миллати хеш дар арсаи байналмилалӣ  мегарданд.

Дар  ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  замони  соҳибистиқлолӣ  73   майдонча  ва 5  толори варзишӣ  мавриди истифода қарор гирифта, дар  Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасон аз рӯи 8  намуди варзиш 387 нафар  ба  машқу тамрин  ҷалб карда шуданд.

Бунёди майдонча ва  толорҳои варзишӣ ва  ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба   тамрин  имкон фароҳам овард, ки танҳо соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни ширкат  дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 18  медал, аз  ҷумла 9  медали тилло, 4  медали  нуқра ва  5  медали биринҷӣ гарданд.

Ифтитоҳи майдони варзишӣ ва толори варзишии болопӯшида дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд