«Интихоботи президентӣ — кафили рушди устувор»- таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Интихоботи президентӣ- кафили рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид. Дар он коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокарим Шаъбонов, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Исфандиёр Собирзода, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сафаралӣ Довудзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мансур Рамазонзода, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ перомуни маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, зикр кард, ки баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон мусоидати комил менамояд.
Муҳриддин Низомӣ нақши ҷавононро дар пешрафту шукуфоии мамлакат мусбат арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷавонон низ бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз ба корҳои созандаю бунёдкорона машғул мебошанд.
Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокарим Шаъбонов мавзӯи «Интихобот дар шароити рушди ҷомеаи иттилоотӣ, технологияҳои интихоботӣ ва моҳияти истифодаи онҳо дар замони муосир»-ро баррасӣ карда, оид ба тарзи гузарондани интихоботи президентӣ дар замони муосир маълумот дод. Ба зикри ӯ, бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди ташкил ва баргузор намудани интихобот Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз дастовардҳои нави иттилотӣ ва усулҳои ҷадиди ҳамкорӣ бо ВАО истифода менамояд. Номбурда изҳор намуд, ки нақши иттилоот дар замони мо хеле муҳим буда, мардум аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ гардида, номзади арзандаро интихоб менамоянд. Иштирок дар интихобот ҳатмӣ буда, ҳар як овоз баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши ҳалкунанда мебозад.