ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Муъминобод 40 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст

Сентябрь 15, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Муъминобод 40 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.

Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Имрӯзҳо дар ҳавзаи интихоботии Муъминобод, №60 корҳои омодагӣ  ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани  интихоботи дарпешистода   идома дошта, бо аҳолӣ оид ба иштироки фаъолонаи онҳо  дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

— Масъулин дар ин суҳбату вохӯриҳо муҳим будани ҳар як овозро дар интихобот ба сокинон фаҳмонида, зикр карданд, ки аз интихоби мову шумо ояндаи мамлакат вобаста аст. Аз ин рӯ, мо набояд нисбат ба тақдири ояндаи кишвар бетафовут бошем,-иброз дошт Бахтовари Диловар.

Мутобиқ ба маълумоти бақайдгирӣ, аз ҷониби участкаҳои интихоботӣ иштироки 47 772 нафар овоздиҳандагони эҳтимолӣ дар назар аст.

Сентябрь 15, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон