Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург фаъолонеро, ки дар давраи коронавирус ҳамватанонро дастгирӣ менамоянд, қадрдонӣ намуд

Сентябрь 21, 2020 09:07

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Свердловск, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак менамоянд, 20 сентябр бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Маросими супоридани мукофотҳо ҳангоми мулоқоти роҳбарон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Свердловск бо иштироки мушовири Сафири Тоҷикистон дар Россия Бахтиёр Сангинов ва намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Россия Абдусаттор Фаттоҳзода баргузор гардид.

Мушовири сафир ба иштирокчиёни мулоқот ифтихорномаҳои сафоратро барои кори фаъол ва пурсамар дар самти расонидани кумаки моддӣ,  маънавӣ ва равонӣ ба ҳамватаноне, ки ҳангоми пандемияи коронавирус ба дастгирӣ сахт ниёз доштанд, тақдим кард.

Инчунин дар мавриди роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҷамъият, вазифаҳои муҳими вобаста ба ташкил ва гузаронидани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия суҳбат доир гардид.

Дар ҷаласа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода сухан гуфт.

Сентябрь 21, 2020 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд