Котибони Шӯрои амнияти СҲШ масъалаи таъмини амният ва субот дар минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 15-уми котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар рафти он Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насруллоҳ Маҳмудзода суханронӣ намуда, аз нақш ва мақоми Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи СҲШ ёдовар шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таъмини амният ва субот дар минтақа, тадбирҳои таҳкими ҳамгироӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба вазъияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемори сироятии COVID-19 ибрози ақида намуда, барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷрибаи якдигарро зарур шумориданд.
Дар идомаи ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баррасӣ шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар ҳалли бисёр масъалаҳо ва мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуда, дар мубориза ба тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир нақш ва мавқеи ягона дорад.
Дар рафти баргузории ҷаласа таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти бештари ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳавасманд буда, дар ин самт дар доираи сиёсати дарҳои боз пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






