Муаррифии имкониятҳои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори ноҳияи Мӯъминобод
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод бо лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Мӯъминобод шинос шуданд.
Масоҳати умумии обанбори Мӯъминобод 286 гектар ва ғунҷоиши об 30 миллион мукаабметрро ташкил дода, барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст ва ҷойи мусоиду мувофиқ ҷиҳати рушди варзиши шиноварӣ, қаиқронӣ, инчунин соҳаи моҳипарварӣ мебошад.
Лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ аз тарафи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” Комилҷон Ғаниев муаррифӣ карда шуд.
Зимни муаррифӣ ҳолати қаблӣ, ҳозира ва ояндаи мавзеи назди соҳили обанбор шинос карда шуд. Дар нақша аст, ки дар ин ҷо оянда барои ҷалби сайёҳон иншооти зарурии соҳа сохта шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар обанбори Мӯъминобод дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад.
Моҳи декабри соли 2019 аз ҷониби кормандони ширкати “Меҳвари Душанбе” дар обанбори Мӯъминобод 700 ҳазор кирминамоҳии навъҳои карп, зағорамоҳӣ, пешонапаҳни сафеду ало ва амури сафед сар дода шудааст.
Дар нақша аст, ки дар як сол аз ин обанбор 500 тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад.
Моҳии парваришшуда барои таъмини бозорҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва содирот ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон нигаронида мешавад.
Оянда аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳвари Душанбе” дар ноҳияи Мӯъминобод бунёди корхонаи коркарди гӯшти моҳӣ ва истеҳсоли консерваҳо аз моҳӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ширкат то имрӯз 30 нафар дар самти моҳипарварӣ дар бахшҳои корхона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат фаъолият доранд ва баъди амалисозии лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Мӯъминобод шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






