Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ба аҳли фарҳанг мукофотҳои давлатӣ супорид
ДУШАНБЕ, 08.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати фарҳанг ба ифтихори 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода як гуруҳ кормандони муассисаҳои зерсохтори вазорат бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» фаъолони соҳаҳои мазкур бо мукофоти давлатӣ сазовор гардонида шуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аҳли фарҳангу ҳунарро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, иброз дошт, ки «фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ нақши ҳалкунанда мебозад».
Дар фарҷом барои хизматҳои назаррас дар рушди соҳа муҳаррири пешбари Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» Алишер Муҳаммадӣ, корманди Муассисаи давлатии «Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» Шаҳрбону Мусозода, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Сония Наврӯзова, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Маҳмадкарим Рақибов ва собиқ директори нашриёти «Ирфон» Нуралӣ Ҳасанов бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.
Мукофоти собиқ директори нашриёти «Ирфон» Нуралӣ Ҳасанов, ки аз олам гузаштааст, ба писараш Раҳмон Ҳасанов супорида шуд.








Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»






