Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот масъалаҳои муаррифӣ, мубодилаи маълумот оид ба ислоҳоти низоми рушди СММ, вазифаҳои Дафтари Ҳамоҳангсози кишварии СММ аз ҷониби хонум Сезин Синаноғлу, мусоидати ниҳодҳои СММ дар татбиқи авлавиятҳои миллӣ ва вокуниш ба пайомадҳои COVID-19, Татбиқи лоиҳаи Барномаи давлатии «Рушду нумўъ-2030» ва Татбиқи лоиҳаи Барномаи «Нури рушноӣ» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






