Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ва ифтитоҳи пули нав дар байни деҳаҳои Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии ноҳияи Муъминобод
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.
Истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи роҳбарон ва сокинони сарбаланди ноҳияи Ховалинг дар деҳоти Ғаффор Мирзо бо арҷгузорӣ ба дастоварду муваффақиятҳо дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт.
Дар ноҳияи Ховалинг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст пули нав дар байни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд.
Пули нав дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад.
Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Иншооти нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи амалии ин ҳадаф пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ месозад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.
Ифтитоҳи пули байни деҳаи Панҷариён ва Синҷӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳот намуна арзёбӣ карданд.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарони олии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори маҳал ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани пули нав дар болои дарёи Ёхсу аз иқдомҳои муҳим дар ин роҳ буда, мушкили сокинони ин ду деҳаи ноҳияҳои Ховалинг ва Мӯъминободро дар самти рафтуомад рафъ намуда, барои интиқоли молу маҳсулот, рушди иқтисодии хонаводаҳо ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Бино ба таъкиди масъулон, тавассути ин пул сокинону сайёҳон ва меҳмонон метавонанд дар муддати кӯтоҳ ба мавзеи таърихию сайёҳии Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод ва дигар маконҳои таърихию сайёҳии ноҳияи Ховалинг дар кӯтоҳтарин муҳлат расанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи пули навро барои сокинони ноҳияҳои Ховалингу Мӯъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






