Оғози сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳия

Сентябрь 24, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон барои шиносоӣ  бо  вазъи зиндагии мардум, суҳбату мулоқот бо  сокинону фаъолон, ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ  ва   ифтитоҳи иншооти  таъйиноти  гуногун бо сафари корӣ ба  ноҳияи Шамсиддини  Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар  даврони  соҳибистиқлолӣ  бо  бунёди  зиёда  аз  300  иншооти наву замонавӣ   ободу зебо шуда, шароити кору хизматрасонӣ беҳтар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.

Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нахуст  бинои  Қасри фарҳангро ба  истифода  доданд.

Даромадгоҳ ва девору сақфи бинои навбунёди  Қасри фарҳангро нақшу нигори миллӣ оро додааст, ки аз санъати волои меъмории миллӣ шаҳодат медиҳад.

Бинои  дуошëнаи  Қасри фарҳанг  бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дар масоҳати  1 ҳазору 248  метри мураббаъ  сохта шуда, дар ошёнаи якуми  он  миёнсарой, толори барҳаво барои 385  ҷойи  нишаст, утоқҳои  маҳфил, санъаткорону техникӣ ва дар қабати дуюм миёнсарой,  ҳуҷраҳои корӣ,  техникӣ  ва  утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.

Мавриди зикр аст,  ки  санги  асос ба  сохтмони бинои Қасри фарҳанги  ноҳияи  Шамсиддини  Шоҳин соли 2017  бо  иштироки Пешвои  муаззами  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гузошта шуда,  иншооти мазкур  дар   муҳлати пешбинишуда  бо сифати  баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳам гардида дар бинои Қасри фарҳанг шинос  шуда, иншооти мазкурро дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30  — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде барои  аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини  Шоҳин  арзёбӣ  намуданд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 15 номгӯй сози миллии мусиқӣ тақдим  гардид.

Толори  Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои баргузории тадбирҳои гуногун дорои шароити мусоид буда,  фаъолияти санъаткорон дар ин бинои замонавӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар ноҳияи  Шамсиддини  Шоҳин  32  муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5  хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, Китобхонаи  марказӣ, 17 китобхона дар деҳот, Боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва Мактаби санъати бачагона фаъолият доранд, ки  солҳои  соҳибистиқлолӣ  навсозӣ  гардида,  дар онҳо шароити мусоиди кор ва  хизматрасонӣ  фароҳам оварда  шудааст.

Дар толори Қасри фарҳанг  аз тарафи  аҳли фарҳанги ноҳияи  Шамсиддини Шоҳин   барномаи ҷолиби  ҳунарӣ пешниҳод гардид.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври фосилавӣ 6 иншооти истеҳсолию хизматрасониро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд