Оғози сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳия
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон, ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди зиёда аз 300 иншооти наву замонавӣ ободу зебо шуда, шароити кору хизматрасонӣ беҳтар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нахуст бинои Қасри фарҳангро ба истифода доданд.
Даромадгоҳ ва девору сақфи бинои навбунёди Қасри фарҳангро нақшу нигори миллӣ оро додааст, ки аз санъати волои меъмории миллӣ шаҳодат медиҳад.
Бинои дуошëнаи Қасри фарҳанг бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дар масоҳати 1 ҳазору 248 метри мураббаъ сохта шуда, дар ошёнаи якуми он миёнсарой, толори барҳаво барои 385 ҷойи нишаст, утоқҳои маҳфил, санъаткорону техникӣ ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос ба сохтмони бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин соли 2017 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, иншооти мазкур дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳам гардида дар бинои Қасри фарҳанг шинос шуда, иншооти мазкурро дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде барои аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин арзёбӣ намуданд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 15 номгӯй сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.
Толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои баргузории тадбирҳои гуногун дорои шароити мусоид буда, фаъолияти санъаткорон дар ин бинои замонавӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, Китобхонаи марказӣ, 17 китобхона дар деҳот, Боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва Мактаби санъати бачагона фаъолият доранд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ навсозӣ гардида, дар онҳо шароити мусоиди кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар толори Қасри фарҳанг аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод гардид.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд






