ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 27+29 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 24, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 27+29 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 7+12 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22 +27 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 24, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ОГОҲӢ! Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид»
Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар ноҳияи Спитамен беш аз 2000 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд