ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад

Сентябрь 19, 2020 08:36

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5+10 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва  камабр шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барфи тар) меборад. Шамол аз самти шимолу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри  бебориш шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 18 +23 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 7+9  ва  рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 19, 2020 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд