ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Айнӣ манораи 13-метра қомат афрохт

Сентябрь 1, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 01.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд манора (стелла) бо чароғакҳои ранга ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ иттилоъ доданд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи мазкур Абдулғанӣ Қобилзода иброз дошт, ки баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои он рамзи кураи Замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга  ва  парчам оро дода шудааст, ки далели соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Айнӣ ба нақша гирифтаанд, ки то ҷашни миллӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ, аз қабили роҳҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатна, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳоро дар муддати кӯтоҳтарин ба истифода диҳанд. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи нави кор мусоидат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди 499 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сентябрь 1, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд