Парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои Осиё ва Аврупо гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дод

Сентябрь 2, 2020 13:36

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳодҳои вакилон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ҳайатҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ,  Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Гурӯҳи миллии Ассамблеяи парлумонҳои Осиё,  кумитаҳои умумии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,  комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ), инчунин ташкили Гурӯҳи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони  Аврупо, таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои намояндагони Ассамблеяи Миллии Баҳрайн, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Шотландия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Австралия,  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Америка аз ҷониби аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро сухан гуфта, пешниҳоди масъалаҳои мазкурро дар рӯзномаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.

Сентябрь 2, 2020 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд