Паёми видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Волкан Бозкирро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади Раиси иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфта, доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва тавсеа ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус ҳамагирии коронавируси нав, ҳолатҳои ноустувору мураккаб ва ҳассоси сайёра изҳори андеша намуданд.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, бемории COVID-19, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ хуруҷ кард, тадриҷан боиси буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемории сироятии коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонида, боиси паст рафтани нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла фаъолияти сармоягузорӣ, ба шумули сармоягузории мустақими хориҷӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус, нақлиёт шуд.
Бо дарназардошти идомаи паҳншавии бемории коронавирус Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар баробари пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ, ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти босуботи тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар чораҳои зарурӣ андешад, таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар баробари паҳншавии бемории коронавирус ва таъсири он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шиддатёбӣ ва тавсеаи терроризму ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир низ ёдовар шуда, ин ҳолатро ниҳоят нигаронкунанда арзёбӣ намуданд ва таъкид бар он доштанд, ки рафъи таҳдиди терроризм дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи он ва сабабҳои аслии ба терроризм мусоидаткунанда, ягонагии мавқеи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба мафҳуми терроризм тақозо менамояд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки вокуниш ба таҳдиди афзоишёбандаи терроризм бояд фарогир бошад ва дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид нақши ҳамоҳангсози калидиро иҷро намояд.
Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ қарор дорад ва дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми босазои худро гузоштааст ва ин равандро идома хоҳад дод, таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар идомаи суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба таъмини сулҳу оромии сартосари дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори андеша намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтҳо даъват ба амал оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро ба лоиҳаи қатъномаи навбатии Тоҷикистон оид ба Конфронси сатҳи баланд ҷиҳати арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор мегирад ҷалб намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ин иқдоми Тоҷикистон ба мисли қатъномаҳои гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ пайдо менамояд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






