Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён-Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов-Ховалингро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг роҳи мошингарди Панҷариён – Шугновро дар масофаи 5 километр ба истифода доданд.
Роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
Таҷдиду навсозии роҳи мазкур дар идомаи иқдомҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ шуда, барои пурра мумфарш кардани он қариб 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Сокинони деҳаи Панҷариён солҳо боз барои рафтуомад ба маркази деҳот мушкил доштанд ва инак бо файзи истиқлол ба дастоварди нав ноил шуданд.
Деҳаи Панҷариён 36 хоҷагӣ дошта, дар он 234 нафар зиндагӣ мекунанд ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи мошингард омили муҳим дар рушди иқтисодии сокинони Панҷариён буда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни бошандагони деҳа мусоидати фаъол мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра аз ҳолати роҳи Панҷариён — Шугнов дар идомаи боздид роҳи нақлиётгарди Шугнов – Ховалингро дар масофаи 15 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таҷдиду навсозии ин роҳ низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда дар доираи омодагиҳо барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шудааст.
Таъмиру асфалтпӯш гардидани роҳи Шугнов — Ховалинг мушкили сокинону ронандагонро бартараф намуда, имконоти ҳаракат дар ин масирро дар тамоми фаслҳои сол ба миён овард.
Корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур бо ҷалби зиёда аз 80 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, дар рафти корҳо беш аз 50 адад техникаи роҳсозӣ ҷалб карда шуда буданд.
Роҳи мазкур акнун бо таҷдиду навсозӣ ба категорияи 5-уми роҳсозӣ мутобиқ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ховалинг 226,4 километр роҳҳо мавҷуд аст, ки аз ин 110,7 километрро роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 115,7 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамиятӣ маҳаллӣ дар бар мегирад.
Дар ноҳия дар асоси нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 25 километр роҳҳои маҳаллӣ аллакай мумфарш гардида, боз 20 километри дигар навсозӣ карда мешавад.
Дар ноҳияи Ховалинг соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузошта, дар самти беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёт бо ҳадафи рушди деҳот корҳои назаррас амалӣ месозанд.
Таҷдиди роҳи Шугнов – Ховалинг имкон медиҳад, ки интиқоли молу маҳсулоти хоҷагидорону боғдорон ба марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дар муддати кӯтоҳ ва бидуни талаф амалӣ карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Шугнов 1100 гектар боғҳои гуногуни мевадиҳанда ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мавҷуд аст, ки акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани роҳ имкони васеъ барои рушди ин соҳаҳо ба вуҷуд омад.
Дар деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозӣ ва таъмири 50 иншоот ба нақша гирифта шуда, 28 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст ва корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот босуръат идома доранд.
Дар ҳамин замина 63 километр роҳҳои ҳудуди деҳот низ зина ба зина то ин ҷашни бузурги миллӣ таҷдиду навсозӣ ва ба талаботи мавҷуда мутобиқ карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ барои истифодаи тӯлонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалинг аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва кадбонувони деҳоти Ғаффор Мирзо ва Шугнов дидан карданд.
Дар намоишгоҳ ҳунари нонпазӣ, хӯрокҳои миллӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки ба эҳёву ҳифзи онҳо дар ин гӯшаи диёр таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, муаррифӣ гардид.
Маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ аз ҷалби бештари ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.









Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






