Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Бӯстон»-и ноҳияи Мастчоҳ ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд

Сентябрь 14, 2020 11:28

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар  тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кулл мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  ятимонро бо ҷашни умумимиллӣ — 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар  ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятими ноҳияи Мастчоҳ, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ карда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, онҳоро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Хушбахтона, дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод  талош меварзанд.

Бинои тарабхонаи “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст. Бинои навбунёд аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.

Иншооти нав бо тарҳи меъмории муосир сохта шуда, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Аз ин пас сокинони ноҳияи Мастчоҳ тӯю маъракаҳои худро имкон доранд  дар тарабхонаи барҳавои назаррабо, ки дорои шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз аст, баргузор намоянд.

Соҳибкорони маҳаллӣ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар корҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун саҳм гузошта, барои пешрафти як гӯшаи диёр ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибихтиёр аҳлона заҳмат мекашанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои тарабхонаи “Бӯстон” имкон фароҳам омад, ки чанд нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардид.

Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд