САҲМИ САРВАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ, ҲАМСОЯГИИ НЕК, ЭЪТИМОД ВА ИФТИТОҲИ САҲИФАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБОТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. Дар ин мавзӯъ имрӯз дар Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ба кор оғоз намуд

Сентябрь 14, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» — таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ифтитоҳ гардид.

Хабарнигории АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ гузориш медиҳад, ки ҳамоиши илмиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз тавсеа ва густариши ҳамкории судманди ду давлати дӯст, ки аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  сарчашма мегиранд, ҳарф зад.

Номбурда аз таҳкими ҳамкории судманди ду давлати ба ҳам дӯст ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз қадим бо ҳам робитаҳои устувори ҳамҷаворӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарварони давлатҳо ин равобит густариши тоза касб намуд.

Зикр гардид, ки мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дошт. Олимони тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонӣ ба муаммоҳои робитаҳои байни ду давлат таваҷҷуҳ намуда, ҳамкории сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Баъд аз сафарҳои кории Сарварони ду давлат ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 2018 дар ҳаёти мардумони ин кишварҳо саҳифаҳои нав кушода шуданд. Солҳои 2018-2020 дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Қӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро бо иштироки олимони ҳарду давлат конференсияҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки дӯстии тоҷику ӯзбекро боз ҳам инкишоф доданд.

«Конференсияи имрӯза низ марҳалаи нав дар таҳкими ҳамкории илмии ҳарду давлат мебошад, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавии бемории сироятии коронавирус баргузор гардида, масъалаҳои муҳими илмӣ бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима мегарданд», — гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов низ зимни оғози конференсия дар боби дӯстию ҳамкорӣ ва рафоқати мардумони тоҷику ӯзбек ҳарф зад.

«Дар ҳақиқат, падидаи фараҳбахши бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон- барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамсоядорӣ аст, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми ду давлат мебошад. Талошҳои Сарварони давлатҳо дар ин замина низ шоистаи таҳсину хушҳолист. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд. Маҳз иродаи сиёсии Роҳбарони давлатҳоямон буд, ки имрӯз ҳамкорӣ, муҳимтар аз ҳама, дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад», — изҳор дошт Акмал Саидов.

Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар бораи муносибатҳои кунунии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ибрози андеша намуда, таъкид намуд, ки ҷиҳати  рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ тадбирҳои таъхирнопазир  бояд андешида шаванд.

Дар конференсия, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт, гурӯҳи олимон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Тибқи барнома, конференсияи илмию амалӣ аз чор бахш иборат мебошад.

Дар бахшҳо олимони ҳарду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди равобити сиёсии байни Тоҷикистон ва Ӯзбкистон, рушди робитаҳои иқтисодӣ, равобити илмию технологӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Дар конференсияи илмию амалӣ дар баробари роҳбарият ва директорони муассисаҳои илмии АМИТ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии  назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Элдар Орипов, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дониёр Қурбонов, роҳбари Маркази Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Мустафоев, директори Институти сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар институтҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доранд.

Сентябрь 14, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»