Сармоягузорони Британияи Кабир аз МОИ «Кӯлоб» боздид намуданд

Сентябрь 15, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва дар ин замина бо ҷалби сармоягузорони Британияи Кабир бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” сафари кории сармоягузорони ин давлат таҳти роҳбарии аъзои раёсати Анҷумани дӯстии Британия ва Тоҷикистон Сайҷалол Бадахшонӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи ҶДММ “Заррин” ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” анҷом дода шуд.

Зимнан меҳмононро роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Мустафо Абдуллозода ҳамроҳӣ намуда, дар ин раванд ба онҳо имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки бо ҳудуди ҷойгиршавии МОИ “Кӯлоб”, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 309 га таъсис дода шудааст, аз наздик шинос гарданд.

Ҳамзамон дар доираи сафар меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои инфрасохторӣ ва коммуникатсионӣ аз фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан ва дигар мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Инчунин ба сармоягузорон оид ба таъсиси МОИ “Кӯлоб”, имкониятҳои мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, самтҳои афзалиятнок, тартиби бақайдгирии субъектҳо, тартиби сармоягузорӣ, иҷора ва муҳлатҳои он маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳадафи асосии ташрифи сармоягузорон- ин ҷалби сармояи мустақими Британияи Кабир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан шаҳри Кӯлоб дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ки аз ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат сарчашма мегирад, маҳсуб мешавад.

Баъди боздид аз МОИ “Кӯлоб” меҳмонон бо раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода вохӯрӣ анҷом дода, паҳлӯҳои гуногунҷабҳаи ҳамкориро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Зимнан роҳбарияти шаҳр ҳавасмандии худро дар самти ҷалби сармояи Британияи Кабир ба иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб иброз намуда, таъкид доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳамкории судманд бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҳамеша омода буда, барои таъсиси силсилакорхонаҳои нави саноатӣ, бахусус бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии МОИ «Кӯлоб» шароити мусоид фароҳам меоварад.

Сентябрь 15, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд