Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагӣ ва майдони варзиширо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ба номи Одил Комиловро ифтитоҳ карданд.
Дар саҳни бинои нави таълимӣ Пешвои миллат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи барҳаво мебошад, ки барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бинои нави таълимӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҷониби оилаи саховатпешаи Комиловҳо ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.
Кабинетҳои фаннии биология, физика, технологияи информатсионии таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроэкторҳо муҷаҳҳаз буда, бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ пурра таъмин гардидаанд.
Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд, барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ аз имкониятҳои мавҷуда аз худ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бинои иловагии таълимӣ бо дарназардошти норасоии ҷойи нишаст ва шумораи зиёди хонандагон дар шафати ду бинои якошёна, ки солҳои 2000 ва 2001 сохта шудаанд, бунёд гардидааст. Дар биноҳои таълимии якошёна 14 синфхона, китобхона, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Биноҳои мазкур пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо мизу курсии нав ва аёнияти муосири таълимӣ таъмин карда шудаанд. Дар ин биноҳои таълимӣ хонандагон то синфи 9 таҳсил мекарданд.
Сохтмони бинои нави таълимӣ соли 2019 оғоз гардида, он бо тарҳи зебо қомат афрохт, ки дорои шароити арзандаи илмомӯзӣ аст ва масоҳати умумии бинои мазкур 952 метри мураббаъ мебошад.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда дар муассисаи таълимӣ бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо таҳният гуфтанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 дар маҷмуъ як ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки ба онҳо 66 нафар омӯзгор дарс мегӯянд ва 51 нафари онҳо бонувони соҳибмалака мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ босамар истифода баранд. Ба таъкиди Пешвои миллат омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, аз масъулон диққати ҷиддиро тақозо мекунад.
Тамоми синфхонаҳои таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст гардидааст.
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 майдони муосири варзишӣ дар масоҳати 670 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он асосан, бозиҳои баскетбол ва волейбол гузаронида мешавад. Ҳамзамон имкон аст, ки дар майдони варзишӣ дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногун ташкилу баргузор карда шавад.
Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, роҳраву саҳни он пурра сафолакпӯш карда шудааст. Масоҳати умумии муассисаи таълимӣ 0,73 гектарро дар бар мегирад.
Айни ҳамон дар шаҳри Кӯлоб шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 74 адад мебошад, ки дар онҳо 48 ҳазору 749 нафар хонанда ба таҳсил ҷалб гардидаанд ва ба онҳо 3 ҳазору 401 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.
Бо татбиқи барнома ва нақшаҳои мукаммали самарабахш, соҳаи илму маориф дар мамлакат рушд намуда, ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ рӯз то рӯз вусъат меёбад.









Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…». Дар Тоҷикобод даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара вохӯрӣ намуд






