Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ба истифода супурданд

Сентябрь 24, 2020 15:59

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.

Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавии  бахши ҳифзи муҳити зист аз  се  ошёна иборат буда, дорои 10  утоқи корӣ,  маҷлисгоҳ, осорхона  ва    меҳмонхона  мебошад.

Аснои шиносоӣ  бо шароити бинои навбунёд  ба  Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ  доданд, ки  сохтмони  иншооти мазкур соли  2020 оғоз гардида,  дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи  зиёда аз 2 миллион  сомонӣ бунёд  карда шуд.

Бинои бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз  ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Сомон — Орзу” – и  ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта шудааст,  дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам мебошад.

Утоқҳои  кории бинои  бахши ҳифзи муҳити зист  бо   таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон имконоти зиёд мавҷуд аст.

Президенти   мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба масъулон ва  кормандони  бахши ҳифзи  муҳити  зист  дастур  доданд, ки  барои  муҳофизати  олами набототу  ҳайвоноти нодир, ки  дар ноҳияи Шамсиддини  Шоҳин  хеле зиёд  аст,   бо    ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳияи  Шамсиддини  Шоҳини вилояти Хатлон дар  баробари  сохтмони марказҳои хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам карданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд