Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон»-ро дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 14, 2020 17:34

ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ буда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барқсохтмон» мебошад, ки бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ корҳои сохтмонию навсозиро бо сифати баланд иҷро намудааст. Барои навсозии боғи мазкур 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Даромадгоҳи асосии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мастчоҳ бо санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфта, барои назаррабо гардидани боғ беш аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст.

Сарсабзу хуррамгардонии боғи мазкур дар асоси тарҳи хос ва завқи баланд амалӣ гардида, дар ҳудуди он дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, аз қабили санавбар, ёси ҳиндӣ, сӯзанбарг, магнолия, туя, палма, юка ва дигар навъҳои зебо, ки ба муҳити атроф ва саломатии инсон таъсири хуб доранд, шинонида шудааст.

Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 4 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, 3 ҳазор метри мураббаъ майсазор шудааст, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад. Шабона барои равшаннамоии боғ 40 адад чароғ бо сутунпояи 9 метра ва 20 адад 2,5 метра насб гардидааст.

Барои хушу хотирмон сипарӣ намудани истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди боғ 2 айвон ва 40 адад нишасткурсӣ мавҷуд аст.

Шаршара ва фаввораҳои назаррабою дилкаш ба зебоии боғ ҳусни дигар зам мекунанд. Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон бошад, майдончаи бозӣ мавҷуд буда, атраксионҳои гуногун насб гардидааст.

Бо завқи баланди зебоиофарӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Ҷиҳати муаррифии либосҳои миллӣ дар як гӯшаи боғ пайкараи бонувон насб гардидааст, ки дар тан либосҳои миллӣ доранд. Ин макон бозгӯи фарҳанги қадимаи либоспӯшии бонувони тоҷик мебошад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ беш аз 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ҳамин тариқ, Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мастчоҳ баъд аз навсозӣ бо тарҳи зебову муосир ба истифода супорида шуд ва барои сокинону меҳмонон имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардид.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд