Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ карданд ва ба 40 нафар ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

Сентябрь 13, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 13.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат»-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Корҳои сохтмони иншооти мазкур 10 — сентябри соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати як сол бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом пазируфт.

Барои корҳои бунёдӣ 16 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, бо маош ва шароити хуби корӣ таъмин буданд.

Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат» аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 931 метри мураббаъ қомат афрохта аст.

Ошёнаи якуми бино ҳамчун маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошёнаи дуюм ҳамчун мағозаи фуруши дастгоҳу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, таҳхонаи он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёи зарурӣ истифода мешавад.

Дар мағоза ҳамагуна маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла маводи хурока, мевагиҳо, шириниҳо, маҳсулоти гушту ширӣ, маҳсулоти нонӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум фаровон аст.

Лозим ба таъкид аст, ки иншооти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди марказҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 40 нафар ятимон, аз ҷумла 17 нафар духтарон ва 23 нафар писарон, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар ятим мондаанд, суҳбату мулоқоти самимимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сару либоси мактабӣ, либосҳои зимистона, шириниҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.

Мутобиқи маълумот шумораи ятимону бепарасторон дар ноҳияи Зафаробод 218 нафарро ташкил намуда, аз ин 12 нафар ятими кулл мебошанд ва ҳамаашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа бе пушту паноҳ намемонанд ва давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша баҳри дастгирии онҳо кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 7 маротиба ба ноҳияи Зафаробод ташриф овардаанд ва зимни ҳар як сафарҳои кориашон бо ин қишри ниёзманди ҷомеа суҳбату вохуриҳои самимона анҷом дода, аз ҳолу аҳволашон бохабар мешаванд.

Чунин амали хайр аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, боиси рӯҳбаландӣ ва шодиву нишоти ятимону бепарасторон мегардад.

Имрӯз аз чеҳраи ятимону бепарасторони ноҳия аён буд, ки онҳо Президенти маҳбуби худро, ки пайваста дастгириашон менамоянд, бе саброна интизор буданд.

Ҳангоми суҳбати озоду самимӣ Сарвари давлат ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илмҳои замони муосирро аз бар намуда, ҳамчун фарзандони бо нангу номуси Ватан ба воя расанд.

Кудакон дар навбати худ ваъда доданд, ки дастуру маслиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмараи худ қарор дода, оянда ҳамчун ватандорони асил ба воя мерасанд ва саҳми худро дар боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд. Зеро онҳо худро дар зери сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос намекунанду пуштибони ҳақиқии худро доранд.
Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим 13.09.2020

Сентябрь 13, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилояти Хатлон 112 фоиз таъмин гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард беш аз 20 фоиз зиёд шудааст