Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи «Манзара»-ро барои 100 нафар дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти меҳмонхонаи тозатаъсиси «Манзара», ки ҳамчун хостел фаъолият менамояд, шинос шуданд.
Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, он дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби буду боши сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Исмоил Садиров дар мудати қариб як сол бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки ба пешвози ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг бунёди наздики 330 иншооти дорои таъйиноти гуногун, аз ҷумла 2 меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.
Феълан дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 10 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд буда, 9 харитаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.
Шумораи умумии меҳмонхона ва хостелҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 15 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо имкони қабули то 500 нафар меҳмонон дар як вақт мавҷуд аст.
Меҳмонхонаи «Манзара», ки дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ҷойгир аст, дорои 32 ҳуҷра буда, имкони дар як вақт ба 100 нафар хидмат расониданро дорад.
Тарҳу намои бино ба талаботи меъморӣ ҷавобгу буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар ин мусофиргоҳ нуқтаи қабули меҳмонон, ошхона барои 100 нафар ва дар назди бино нуқтаҳои фурӯши армуғон ҷойгир буда, маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ин иншооти хидматрасонӣ дар қабати якуми бино фаъолият мебаранд.
Пухтани таомҳои милливу аврупоӣ бошад аз хизматрасониҳои дигари мусофиргоҳ маҳсуб меёбад.
Ҳуҷраҳои ин иншооти хидмарасонӣ ба усули меъмории миллӣ ва замонавӣ сохта шуда, муаррифкунандаи санъату ҳунари волои тоҷикон мебошад.
Акнун сайёҳоне, ки ба ин мавзеъ сафар менамоянд, метавонанд аз хизматрасониҳои меҳмонхонаи «Манзара» васеъ истифода баранд. Зеро дар ин ҷо барои тамошои манзараҳои дилфиреби Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қранӣ, ки дар ноҳияи Ховалинг воқеъ аст, шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бо дарназардошти кӯҳсор будани мавзеъ ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону дигар меҳмонон 2 адад воситаи нақлиёт ва 2 сар асп пешбинӣ гардидааст.
Бо ба фаъолият шуруъ намудани меҳмонхонаи «Манзара» беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.
Соҳибкор оянда нақша дорад, ки бо бунёди як бинои наву замонавии дигар боз барои 50 нафар шароити будубош омода намуда, ба ишумораи ҷойҳои кориро ба 150 нафар расонад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва дигар имкониятҳои мусофиргоҳи навтаъсиси замонавӣ ба масъулин ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанг, урфу оддат ва меҳмоннавозии тоҷикона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иншооти мазкурро дар айни замон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






