Сокинони Мурғоб соҳилҳои дарёи Оқсуро тоза карданд

Сентябрь 19, 2020 10:26

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист,   соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйбор ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, дар ноҳияи дурдасти Мурғоб амалиёти «Тозагии соҳил- 2020» гузаронида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ин амалиёти тозакорӣ, ки аз ҷониби  Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб ташкил гардид, беш аз 150 нафар сокин,  хонанда ва корманди идораю муассисаҳо  иштирок намуданд.

Зимни ҳашар иштирокдорон 1,5 км соҳили дарёи Оқсуро аз партовҳои маишӣ тоза намуданд. Дар маҷмӯъ, 5 метри мураббаъ партов ҷамъоварӣ гардида, ба воситаи техника ба партовҷо интиқол дода шуд.

Сентябрь 19, 2020 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд