«Табиати биҳиштосо-заминаи асосии рушди сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар Суғд ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар мавзӯи «Табиати биҳиштосо-заминаи асосии рушди сайёҳӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои рушди экологию сайёҳии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш масъулини шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки Тоҷикистон бо табиати нотакрори худ ҳамеша таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб менамояд ва моро мебояд, ки ба таври зарурӣ ин табиати зеборо ба сайёҳон муаррифӣ намоем. Ҳоло шӯҳрати мавзеъҳои Тоҷикистон бо шарофати обу чашмасоронаш дар байни сайёҳон паҳн гардидааст. Дарёи Сири шаҳри Хуҷанд низ аз мавзеи нотакрори табиат арзёбӣ гардида, барои ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани он ва ҷалби хориҷиён ба ин макон масъулияти баланди шаҳрвандӣ зарур аст.
Дар доираи ҳамоиш бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, сохторҳои ободонӣ, кумитаи маҳаллаи «Раззоқ» ва беш аз 30 нафар донишҷўён аксияи «Соҳили тоза» баргузор гардида, соҳили дарёи Сир аз ҳама гуна партов ва алафҳои худрўй тоза карда шуд. Зеро ин гуна тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шаҳри Хуҷанд ба яке аз бузургтарин шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мубаддал гардида, барои муаррифии бештари табиати нотакрор ва маконҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба сайёҳон заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






