Участкаи интихоботии №1, воқеъ дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода аст

Сентябрь 22, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара аз тарафи Ҳавзаи интихоботии Данғара, №54 59 участка барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Ин участкаҳо дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил гардида, барои баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода мебошанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара  имрӯзҳо баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Тавре ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар донишгоҳи мазкур дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаи интихоботии Данғара, №54, участкаи интихоботии №1 бо фарогирии бунгоҳи тиббӣ ва хонаи модару кӯдаки ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ ташкил гардидааст.

То имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки намояндагони  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва комиссияи ҳавзавии интихоботии Данғара, №54  бо иштироки ҳайати эҳтимолии комиссияҳои участкавӣ якчанд семинари машваратӣ баргузор гардида, маводи зарурие, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тақсим карда шуданд.  Инчунин баҳри ҷалби бештари интихобкунандагон ба ин маъракаи сиёсӣ дар саҳни донишгоҳ,  маркази ноҳия ва ҷойҳои серодам шиору овезаҳо насб карда шудаанд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати амалӣ гардонидани қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз  интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини  бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз  паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар донишгоҳ баҳри дар  сатҳи баланди сиёсӣ-маърифатӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  чораҳои зиддивирусӣ ва безараргардонии тамоми биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёнро бо истифода аз маҳлули гипохлориди натрий  роҳандозӣ намуд.

Аз ҷониби донишгоҳ ба шахсоне, ки дар рӯзи интихобот ширкат меварзанд, ройгон ниқобҳои яккарата ва бисёркарата тақсим карда мешаванд. Инчунин барои иттилоотнокии ҳайати кормандон ва донишҷӯён оид ба  риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври инфиродӣ сурат гирифта, ба онҳо маводи иттилоотию тарғиботӣ тақсим карда мешаванд.

Сентябрь 22, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон