Волонтёрон аксияи тарғиботии «Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!» доир карданд
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таҳти унвони «Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!» аксияи тарғиботӣ доир намуданд, ки мақсади он аз таъмини иштироки фаъолонаи сокинони ҷумҳурӣ дар маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аксияи мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ, 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 13 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, миёни ҷавононе, ки нав синнашон ба 18 расидаву ҳуқуқи дар интихобот иштирок намудан доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Инчунин дар ҷойҳои серодам варақаҳои иттилоотӣ, маълумотнома ва дастурҳои истифодаи умум ба сокинон тақсим ва насб карда шуд.
Беш аз 7500 нафар волонтёрон дар саросари ҷумҳурӣ доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ миёни сокинони маҳаллӣ бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, зиёда аз 43 ҳазору 500 адад маводи таблиғотӣ тақсим намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор нафар волонтёронро барои хизматрасонӣ дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ омода намудааст.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 доир мегардад.