ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. То имрӯз 258 нафар хабарнигорон ва 122 нафар мушоҳидони байналмилалӣ номнавис шудаанд

Октябрь 5, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои Россия, Беларус  ва якчанд сафоратхонаҳои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шуданд. Ба қайд гирифтани намояндагони дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ идома дорад.

Дар моддаи 4 прем 2-и Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда шудааст, ки бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.

Тартиби иштироки мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   мутобиқи моддаҳои 4, 4 прем2 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо назардошти талаботи Конвенсия «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003 ба тасвиб расидааст ва Ҳуҷҷати ҷаласаи Копенгаген оид ба омилҳои инсонии Шӯрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ШАҲА),  ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст, таҳия гардидааст.

Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд: санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳоеро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд, бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохўрии расмӣ намоянд, дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд, ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд, бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд, ба намояндагони комиссияҳои интихобот, бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд, баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот ошкоро изҳор намоянд, хулосаи худро оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кунанд.

Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд: ҳангоме ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд, ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботӣ паҳн намоянд, нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тартиби гузаронидани интихобот афзалият баён намоянд, аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд, дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд, мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот вобаста нест, истифода баранд.

Мушоҳидони байналмилалӣ уҳдадоранд: Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд, шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дар бораи аккредитатсия ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ бо худ дошта бошанд ва онро бо талаби аъзои комиссияи интихобот нишон диҳанд, вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот анҷом диҳанд, ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд, хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд.

Бояд гуфт, ки тибқи қонуни мазкур дар мавриди халал расонидан ба раванди интихобот, махфияти овоздиҳии пинҳонӣ, дахолат ба кори комиссияи участкавии интихобот аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ комиссияи участкавии интихобот мушоҳиди байналмилалиро аз бинои овоздиҳӣ берун намуда, баъд аз қабули қарори дахлдор фавран дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи онҳоро бекор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст.

ДАР АКС:  аъзоёни Гурӯҳи мушоҳидон аз ИДМ аллакай ба кор сар кардаанд.

Октябрь 5, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид