Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарӣ ва шахтаҳои обрасони НБО «Роғун»

Октябрь 14, 2020 11:28

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  ҷараёни корҳо дар нақби  нақлиётии  Т-18,  нақбҳои обрасони агрегатҳо ва  шахтаҳои турбинаҳои  Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки  бо  суръат  идома  доранд, шинос шуданд.

Дар қитъаи дигари сохтмони иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳ, аз  ҷумла камераи васлгарӣ низ фаъолияти коргарону мутахассисон назаррас буда, то  имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ  58,2 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетонпошӣ 9,8 ҳазор метри мураббаъ иҷро гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои турбинаҳо, нақби  нақлиётии  Т-18 ва нақбҳои обрасони агрегатҳо бо  истифодаи  техникаҳои пуриқтидору муосир ва  ҷалби коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба   идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар иншооти  мазкур то   имрӯз  67 ҳазору  877 метри мукааб корҳои нақбканӣ   анҷом дода шуда, корҳои бетонхобонӣ  ба  22 ҳазору  843 метри мукааб  расидаанд.

Коргарону мутахассисон дар иҷрои корҳои сохтмони шахтаҳои турбинаҳо ва нақбҳои обрасони агрегатҳо фаъолияти босамару натиҷабахш нишон медиҳанд.

Дар шахтаҳои амудӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом дода шуда, барои кушодсозии шахтаҳои обрасон коргарону мутахассисон бо  истифодаи техникаҳои замонавӣ пурсамар фаъолият мекунанд.

Дастрасии  техникаю  механизмҳои муосиру камназир барои иҷрои саривақтӣ ва босифати  корҳои нақбканӣ, пармакунӣ то умқи бештар аз 200 метр ва кандани шахтаҳои турбинаҳо дар ин қитъаҳои сохтмонии муҳиму зарурии Неругоҳи барқи обии “Роғун” мусоидат намуд.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак, ки  дорои техникаҳои муосири нақбканию пармакунӣ ва дигар механизмҳои зарурӣ мебошад, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотии босифат ва  ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ  низ нақши  муҳим дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар сохтмони иншооту инфрасохтори Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба таври васеъ истифода мешавад.

Иншооти шахтаи ҳаводиҳанда аз тарафи институти “Гидропроект” лоиҳакашӣ шудааст. Барои дар муҳлатҳои муайян ба истифода додани иншооти мазкур ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор ва замонавӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон иншооти шахтаи ҳаводиҳии толори мошинҳо ва трансфарматорҳо  ба кор омода мебошад.

Дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” коргарони соҳибкасбу баландихтисос, мутахассисони нақбкану пармагар, кафшергару васлгар солҳои охир  ба  камол расидаанд ва фаъолияти босамари онҳо дар қитъаҳои сохтмонӣ баръало ба назар мерасад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкоронаи  коргарону мутахассисон дар маҳалли сохтмони шахтаҳои турбинаҳо, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаи ҳаводиҳӣ баҳои сазовор доданд.

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарӣ ва шахтаҳои обрасони НБО “Роғун” 14.10.2020

Октябрь 14, 2020 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд