Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати нозирони байналмилалии САҲА ва БДИПЧ мулоқот намуд

Октябрь 7, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати нозирони байналхалқии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Бюро оид ба институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) ҷиҳати баҳогузории интихоботи Президенти Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Ҳайатро Ивилина Алексиева-Робинсон роҳбарӣ карда, таҳлилгари масоили сиёсии Бюро  Питер Палмер ба он шомил буд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалияти мамлакат дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ ва поксозии башардӯстонаи минаҳо дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

«Мо дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва боварибахш пазируфта, омодагии худро барои ҳамкории доимӣ иброз медорем. Тавре огаҳӣ доред, 11 октябри имсол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад. Айни ҳол дар мамлакат маъракаи ташвиқоти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Ҳизби мо дар қатори 4 ҳизби сиёсии дигар, ки номзади худро пешниҳод намудаанд, дар доираи ҳуқуқҳои баробар дар вохӯриҳо иштирок ва барномаи худро ба аҳолӣ муаррифӣ карда истодааст»,-гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.

Зимни мулоқот оид ба ҷараёни пешбарии номзад ва маъракаи таблиғотӣ маълумоти мухтасар дода шуд. Гуфта шуд, ки ҲХДТ зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб аз рӯзҳои нахустини таъсис барои демократикунонии ҷомеаи мамлакат  ҳамеша талош менамояд.

Маълумот дода шуд, ки номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти мамлакат бо шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони интихоботӣ ворид гардидааст.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ роҷеъ ба Барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ маълумот дод. Мавсуф гуфт, ки «барномаи пешазинтихоботии номзади мо дар асоси таҷрибаи давлатдорӣ таҳия шуда, барои он сазовори дастгирии мардум гаштааст, ки кафолати амалӣ шудан дорад. Барномаи пешазинтихоботии номзади мо дорои махсусияти хос аст, ки фарогири ҳамаи самтҳо будани он арзёбӣ мегардад”.

Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки дар доираи имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президент дар асоси ҳуқуқҳои баробар дар интихобот иштирок карда, ба ягон номзад бартарӣ дода намешавад.

Роҳбари Бюро оид ба институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) ҷиҳати баҳогузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 Ивилина Алексиева-Робинсон ва Питер Палмер аз қабули самимии роҳбарони ҳизб изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳайат зимни маъракаҳои интихоботӣ ҳамаи паҳлӯҳоро фаро гирифта наметавонад ва хулосаҳои феълӣ дар асоси ҳисобот аз интихоботи қаблӣ ва ислоҳ гардидани мушкилиҳои зикршуда баррасӣ мегарданд. Ҳайати нозирони байналхалқии САҲА ва Бюро оид ба институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) аз рӯйи методологияи худӣ мавод ва иттилоотро вобаста ба интихоботи президентӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳисоботи ниҳоии мушоҳидони байналхалқӣ аз ҳисоби САҲА баъд аз 8 ҳафтаи баргузории интихобот пурра манзур мегардад.

Аз ҷониби роҳбари ҳайат вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ якчанд саволҳо пурсида шуданд. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба таври муфассал ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда посухи қаноатбахш дод.

Гуфта шуд, ки тибқи талаботи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳизбҳои сиёсие, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Номзади ҳизб дар Анҷумани ғайринавбатии XIV пешбарӣ гардида, аз ҷониби КМИР ба қайд гирифта шуд. Дар доираи талаботи қонунгузорӣ имрӯз 15 нафар шахсони боэътимод самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизбро дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба мардум мерасонанд. Дар ҳудуди мамлакат  ҳамарӯза бо назардошти риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ҷалби гурӯҳҳои таблиғотӣ бомаром мулоқотҳо идома доранд.

Тавассути ба роҳ мондани фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар Федератсияи Россия ҳамватанони бурунмарзӣ ва аъзои ҲХДТ, ки айни ҳол берун аз давлат қарор доранд, метавонанд бе мамониат дар интихоботи роҳбари давлат иштирок намоянд.

Ҷиҳати ба қайд нагирифтани нафарони худпешбар Абдуҷаббор Азизӣ равшанӣ андохт, ки чунин таҷриба — институти худпешбарӣ дар қонунгузории Тоҷикистон нишон дода нашудааст. “Албатта, дар ин самт мо бояд кор кунем ва оянда ин омилро ба инобат гирем. Дар маъракаи интихоботии парлумонӣ худпешбарии инфиродӣ мутобиқи қонун иҷозат аст, аммо бақайдгирии номзадон ба мансаби Президент ин равандро пешбинӣ намекунад.          Барои ақаллияти миллӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ сукунат доранд, барномаи пешазинтихоботии номзади мо бо забонҳои барояшон фаҳмо бо теъдоди муайян нашр шуда, дар мулоқотҳои рӯ ба рӯ низ бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ моҳияти асосии барнома фаҳмонида мешавад”,-гуфт А. Азизӣ.

Роҳбари Бюро оид ба институти демократӣ ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ) ҷиҳати баҳогузории интихоботи Президенти Тоҷикистон дар соли 2020 Ивилина Алексиева-Робинсон ва таҳлилгари масоили сиёсӣ Питер Палмер аз посухҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ қаноатманд шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили сироятёбии одамон ба бемориҳои гуногун мубодилаи афкор анҷом доданд.

Октябрь 7, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон