Ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 октябр таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври фосилавӣ тавассути алоқаи видеогӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа прокуророни генералии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, инчунин Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророн ширкат варзиданд.
Аз лаҳзаи ташкили Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 сол сипарӣ гаштааст, аз ин лиҳоз иштирокчиён якдигарро бо ин санаи ҷашнӣ табрик намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои таҷрибаи кории прокуратураҳои генералии кишварҳо- Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба назорати прокурорӣ дар самтҳои гуногун мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз ҷумла, суханронии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон вобаста ба таҷрибаи мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ шунида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷаласаи мазкур зиёда аз 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа иштирокчиён омодагии худро бобати таҳким бахшидани ҳамкории воқеии байни прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва яроқ, мубориза бо коррупсия, хариду фурӯши одамон, дигар намудҳои ҳаракатҳои ҷиноии фаромиллӣ, ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ изҳор намуда, зарурати минбаъд муттаҳид кардани қувваҳо ва густариши ҳамкории ҳамаҷонибаро ҳадафи асосии хеш қарор доданд.
Дар интиҳои баррасии масъалаҳо қарорҳои қабулнамудаи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ ба таври алоҳида ба имзо расонида шуданд.
Ғайр аз ин, бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ як гурӯҳ кормандони мақомоти прокуратураи кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ барои саҳм доштан дар рушди ҳамкории байналмилалӣ бо медали ҷашнии “25-солагии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ” мукофотонида шуданд.
Қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ соли 2021 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардад.








Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд






