Ҳама ба интихобот! Пиру ҷавони шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи идона ба номзади арзанда овоз медиҳанд

Октябрь 11, 2020 10:44

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сокинони шаҳр бо табъи болида ва шукргузорӣ аз осоиштагии Ватан ба участкаҳои интихоботии  комиссияи ҳавзаи интихоботии Турсунзода,7 омада, номзади арзандаи худро интихоб намуда истодаанд.

Раиси комиссияи  ҳавзаи интихоботии Турсунзода,№7 оид ба интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки ҳавзаи мазкур 80 участкаи интихоботӣ  дошта, айни замон бо фароҳам овардани беҳтарин шароит дар хизмати  170 ҳазору 652 нафар интихобкунандагон қарор дорад. Аз  шумораи умумии интихобкунандагон  3852 нафар бори аввал Президенти худро интихоб менамоянд. Инчунин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи қонуну меъёрҳои амалкунанда гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар  шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар участкаҳои овоздиҳӣ дастурамалу низомномаҳо, роҳнамо, нақшаи чорабинии тақвимӣ омода ва дастраси шаҳрвандону сохторҳои низоми интихоботӣ гардонда шудаанд.

Мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода  Парвиз Маҳкамов изҳор дошт, ки “аз ҷониби кормандони мо ва маркази дезинфексионии шаҳр ҳамаи участкаҳои интихоботӣ безарар гардонида шуда, участкаҳои интихоботӣ бо маводи антисептикӣ, ниқобҳо,  ҳароратсанӌҳои фосилавӣ ва  либосҳои муҳофизатӣ  таъмин мебошанд. Айни замон кормандони сохтори тандурустии шаҳр дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ҳузур дошта, риояи ҳатмии ниқоб, безараргардонӣ бо маводи антисептикӣ ва риояи фосилаи иҷтимоиро назорат мебаранд”.

Дар шаҳри  Турсунзода 1013 нафар шахсони маъюб мавҷуд буда,  дар участкаҳои интихоботӣ  барои онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Нафарони маъюбе, ки имкони ба участкаҳои интихоботӣ  омадан надоранд, барои интихоби онҳо қуттиҳои сайёр фиристода мешаванд.

Сокини шаҳри Турсунзода Дилафрӯз Сараева дар суҳбат изҳор дошт, ки интихоботи президентӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ аз ҷиҳати ташкилӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, мардум бо фарҳанги баланди сиёсӣ дар он иштирок намуда, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз дода истодаанд.

Иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Октябрь 11, 2020 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд