БӮЙИ ГУЛ МЕШУНАВАНД АЗ ВАРАҚИ АШЪОРАМ. Ва ё чанд сухан оид ба вижагиҳои ҳунарӣ дар шеъри Камоли Хуҷандӣ

Октябрь 14, 2020 08:41

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 15-17 октябри соли равон ба муносибати 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Дар он дар баробари шоирону нависандагон ва олимони маъруфи ҷумҳурӣ ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ низ ширкат меварзанд.

Шоирони бузург дар  адабиёт сабку услуб, яъне симои эҷодии хоси худро доранд, хусусан дар адабиёти классикии мо ва ин яке аз вижагиҳои асосии ашъори онҳост. Аммо дар ин байн шоироне ҳастанд, ки вижагиҳои хоси шеърашон бештар дурахшон аст ва яке аз онҳо Шайх Камоли Хуҷандист. Чунин менависад Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО зимни нигориши хеш оид ба вижагиҳои ҳунари Камоли Хуҷандӣ.

Дар идомаи матлаб мехонем:

-Вақте ки мехоҳем дурахшонтарин вижагии хоси шеъри Камоли Хуҷандиро ном барем, бидуни шубҳа, аввалан лутфи сухани Камол  пеши назар меояд. Шояд кам шоире мисли Камоли Хуҷандӣ ин қадар лутфи назар дошта бошад. Ин хусусиятест, ки дар саросари ашъори ӯ муҷаллост. Ва  Камоли Хуҷандӣ дар байте худ ин андешаро тасдиқ мекунад ва  ин лутфро аз Худованд мебинад:

Дар сухан лутфи илоҳӣ ба ту ёр аст, Камол,
Варна сад сол ба фикр ин суханон натвон сохт.

Ва ба ин васила ӯ худодод будани табъу завқи шоириро низ таъкид намудааст.

Бисёр муҳим аст, ки шоир нисбат ба худ ва шеъри худ хушбин бошад, зеро ин зуҳури эътимод ва бовар ба хеш аст ва барои шахсе, ки дар ин майдон – майдони сухан ҷавлон мезанад, хеле муҳим аст. Хушбинии Камол, эътимоду бовар ба худ, чунон ки аз байти боло ва дар саросари ашъори ӯ ҳувайдост, ӯро ҳамеша сарфароз доштааст.

Қариб дар аксари ғазалҳои Камол — ин шоири отифаҳо, ки  мавриди суҳбати мо хоҳанд буд, ин лутфи сухан ва ё, ба гуфти худаш, лутфи табъро метавон мушоҳида кард:

Бо лутфи табъ Саъдии Шерозиӣ, Камол,
Бовар намекунанд, ки гӯӣ хуҷандиям.

Ва ин лутф дар ашъори Камол тавъамон бо ҳунарҳои бадеъ аст, ки дурахши бештаре ба ибрози андешаҳои шоиронааш медиҳад:

Дошт он савдо, ки дар поят сар андозад Камол,
Сар бирафту ҳамчунонаш ин таманно дар сар аст.

Ҳунари бадеъ ин ҷо дар корбурди шоиронаи вожаи сар аст, ки манзареро чунин шигарф ба навор меорад.

Лутфҳои баланд ва шоиронаи Камол зарофатҳое доранд, ки танҳо хоси ӯянд. Масалан, маънии зарифе, ки дар байти зер ба тасвир омада ва  мисли ин маънӣ ва бозёфтҳои шоиронаи дигар, ки гӯяндаи нахустинашон ӯ будааст, дар осори шоирони баъди ӯ бисёр истифода шудаанд:

Ба –дон, ки аз лаби худ додиям ду бӯс, маранҷ,
Бигир бӯси худ акнун, агар пушаймонӣ.

Ва ин зарофату лутф дар бозгирифтани бӯсаи додашуда зоҳир меёбад, ки ба ин баҳона бӯсаи дигар ситонида мешавад. Ҳамин зарофати шоиронаро мо баъдан дар адабиёти шифоҳии мардум меёбем:

Аз лабонат бӯса кардам, ин қадар нози ту чист?
Гар пушаймон гашта бошӣ, бурда бар ҷояш ниҳам!?

Камол — шоири матлаъҳои зебо

Дар ғазали классикии мо ҳусни матлаъ ва ҳусни мақтаъ нақши муҳим доранд. Дар ғазали Камол, агар ҳусни мақтаъ дар ҷамъбасти ғазал, ҳангоми баровардани хулосаи шоирона аз андешаву тасвирҳои дар боло нигошта нақш дошта бошад,  ҳусни матлаъ, яъне тулӯъи андешаҳо чун даричаи мунаққашест, ки моро ворид ба хонаи сухан  месозад. Яъне аз оғоз ба мо рӯҳияи хосса мебахшад ва табъи моро омодаи андешаҳои минбаъдаи шоир мегардонад. Яке аз вижагиҳои хоси шеъри Камоли Хуҷандӣ дар сохтани чунин матлаъҳои зебо дар оғози ғазал зуҳур ёфтааст, ки дар поён бо далелҳо хоҳем дид. Аммо ҳоло яке аз ин матлаъҳо ва ҳунари суханварии шоирро дар як ғазал аз назар мегузаронем. Инак, бубинед, ки дар ин ҳусни матлаъ  манзарае бисёр шоиронаи зебо бо тасвире дилангез,  аз як бӯи пираҳан оғоз меёбаду то ҳама чаман ва домонҳоро фаро мегирад ва чунин манзараи фарогирро пеши назар меорад:

Аз пираҳанат бӯе омад ба гулистонҳо,
Карданд пур аз накҳат гулҳо ҳама домонҳо…

Ин матлаъ бо манзарае фарогир моро бо як нармие ворид ба хонаи ғазал намуда,  умедвори тамошои манзараҳои дилрабои дигар мегардонад. Воқеан тасвир ва баёни андеша аз сар то пои ғазал бо ҳамон хуҷастагӣ идома меёбад ва тасвире дигар, ки боз ҳам ҳунармандонатару маънидортар аст, ҷилвагар мешавад:

Бо ришта ҳама чоке шуд дӯхта в-ин турфа,
К-аз риштаи зулфи ӯ чок аст гиребонҳо…

Байти дуюм, ки тавассути таъбирҳои шоиронаи ”риштаи зулф”-у “чоки гиребон” бо тазоде шоирона манзараи ҷолиберо пешорӯ меорад, моро бештар ба худ мекашад ва мисли ин аст, ки шумо бо ҳар қадаме, ки вориди ин шеър – ин хона мешавед, манзараҳои ғайричашмдошти ҷолибтареро мебинед. Манзараороӣ идома меёбад:

То хони малоҳатро орост ба сабзӣ хат,
Афканд лаби лаълат шӯре ба намакдонҳо…

Ҳамон таносуби маҳками сухан, ки хоси ашъори Камоли Хуҷандист, “хони малоҳат” ва “шӯри намакдонҳо”, “хати сабз”- ро пеши назари мо боз мегардонад. Ва дар ин ҷо вожаи “шӯр” мутаносиб бо “намакдон” омада, ду маъноро ифода мекунад,  ҳам шӯрӣ ва ҳам шӯру ғалаёнро, яъне  ин ҷо санъати таҷнис ба кор рафтааст. Ва ҷараёни баёни андеша дар ғазал тундтар мегардад. Дар идома шумо шоҳиди манзарае боз ҳам пуршӯртар мешавед ва ин шигифтии тасвир, ки бо чунин устодӣ ба қалам меояд, шуморо мафтун месозад:

Гар зулф барафшонӣ, дар по фиканӣ  сарҳо,
Чун лаб ба ҳадис орӣ, барбод диҳӣ ҷонҳо…

Бо як зулфафшонӣ дар по фикандани сарҳо ва бо як ҳадиси гуфтор барбод додани ҷонҳо муболиғаи зебои шоиронаест ва агар амиқтар бингаред, ин ҳамон  муҳаббати олист, ки қудрати барангехтани чунин шӯрро дорад.  Ва бояд дар сари маврид гуфт, ки чунин тарзи тасвирсозиҳо яке аз вижагиҳои шеъри классикии мост ва  Камоли Хуҷандӣ яке аз аввалинҳоест, ки онро дар шеъри гузаштаи мо роҳандозӣ намудааст. Чунин  маъниҳои ирфонӣ ва фалсафиро бо таъбирҳои ошиқона ва тасвирҳои шоирона ба қалам додан  яке аз хусусиятҳои хоси услуби нигоришест, ки Шайх Камол аз ҷумлаи  бунёдгузорони он аст.

Аммо дар тасвири байти баъдина аз олами пуршӯри ишқи олӣ бозгаште ба ҳақиқати ҳаёт сурат мегирад, ки аз ҳузури рақиб дарак меораду моро ҳушдор медиҳад:

Дидори рақиб аз дур афзуд маро гиря,
Аз абри сияҳ бошад афзунии боронҳо…

Ва худ бибинед, ҳунари истифодаи санъати бадеъ ва шеърофаринии Камоли Хуҷандиро: дар он нишонаҳои нахустини он санъатеро мебинем, ки баъдан дар адабиёти мо чун сабки ҳунар ва ё сабки ҳиндӣ шуҳрат ёфтааст. Яъне дар мисраи аввал баёни андеша ва дар мисраи дуюм образ ва ё тасвири шоирона касб кардани он андеша. Дар ин маврид дидори рақиб, ки шабеҳи абри сияҳ аст ва афзудани гиря дар радифи афзудани борон далели гуфтаҳои мост.

Ҳусни мақтаи ин як ғазали кӯтоҳи зебо чунин аст:

Ид аст, Камол, ар ёр дорад сари қурбонӣ,
“Мо низ яке бошем аз ҷумлаи қурбонҳо”.

Мисраи дуюми байт аз шайх Саъдист, ки бо ҳамон риояи сабки классикии ғазал истифода шудааст. Ва шоир суннати динии қурбонӣ оварданро дар баёни андешаи шоирона бамаврид  корбаст намудааст.

Яъне дар ҳамин як ғазал мо шоҳиди тасвиргароии шоирона ва истифодаи устокоронаи чандин санъати бадеӣ дар шеъри Камол гардидем.

Гуфтем, Камоли Хуҷандӣ муаллифи беназири матлаъҳои зебост ва худи ӯ дар яке аз матлаъҳои ғазалаш гуфтааст:

Матлаъи анвори ҳусн аст он рухи чун офтоб,
Матлаъе гуфтам бад-ин хубӣ, кӣ мегӯяд ҷавоб?

Инак, менигарем ба  чанде аз ин матлаъҳо, ки ба шарофати онҳо ғазалиёти шоир воқеан аз байти аввал бо самимият, нармӣ ва ширинии гуфтору оҳанги дилчасп хонандаро тасхир месозанд:

Инчунин сурати матбӯъ зи ҷон натвон сохт,
Гар тавон сохт, чу қадди ту равон натвон сохт.

 *** 

Ин меваи ширин магар аз боғи биҳишт аст
В-ин ҳури биҳишт аз шакари ноб сириштаст?!

Ин ҷо ҳузур ва таровати ҳамон вижагии асосии шеъри Камол — лутфи табъ ва ҳунари тасвирсозии ӯ ба сухан гармии эҳсосу нури муҳаббат бахшидааст.

Мисолҳои дигар:

Аз ошиқӣ ҳамеша ҷавон аст пири мо,
Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо.

*** 

Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро,
Занҷир, маҷунбон дили девонаи моро…

Матлаъҳое, ки моро бо  рӯшании баён, бо чароғи андешаҳо, бо бардоштани табъу завқ ба идомаи андешаҳои шоир раҳнамоӣ мекунанд,  далели онанд, ки Камоли Хуҷандӣ воқеан дар сохтани матлаъҳо мумтоз аст.

Вижагиҳои ҳунарӣ дар баёнҳои шоирона

Ҳунармандӣ дар шеъри Камол ва истифодаи санъатҳои бадеъ сатҳи шукӯҳи шеърияти осори ӯро баланд бардоштаанд. Дар ин маврид вижагии ин хусусият дар он зуҳур ёфтааст, ки санъатҳо дар шеъри ӯ бадоҳатан, табиӣ меоянд, на сохтаву зӯракӣ. Ин сифат дар  мисолҳое, ки дар боло овардаем, ҳузур доранд, аммо мо далелҳои дигар меорем. Масалан, бубинед, дар ин байт, ки хеле санъаткорона гуфта шудааст, сухан дар як нақли равон,  чу дар як гуфтори табиӣ ҳикоят мешавад, ҳарчанд маъно ва тасвир баланд мебошанд:

Зулфи камандафканат иқлими ҷон гирифт,
Бо ин каманд рӯи замин метавон гирифт.

Дар ин ҷо ибораи “иқлими ҷон” ва “бо як каманди зулф  гирифтани рӯи замин” сухан ва тасвири зебои шоиронаанд, ки одиву равону табиӣ баён ёфтаанд.

Сипас, боз ҳам тасвири шоирона бо лутфи хоси Камол  хеле танзомезу завқафзо ба қалам меояд:

Аз лоғарӣ гирифт ба  так як шабам рақиб,
Хандид ёру гуфт, ки: саг устухон гирифт!

Воқеан ҳузури хушгӯию завқи танз  дар ашъори Камол як вижагии дигари эҷодии ӯст, ки аз табиати зарифи ӯ сарчашма  гирифтааст.

Яке аз хусусиятҳои ҳунарии Камол, бидуни шубҳа, дар суханбозӣ падид омадааст, ки низ тиҳӣ аз лутфу зарофати хоси ӯ нест:

Бо мо саре зи васл даровар, ки гесӯят,
Дар по аз он фитод, ки бо мо сарӣ надошт.

Шумо мебинед, ки чи гуна вожаи “сар” дар офаридани маънии шоирона аз ҷониби Камол ҳунармандона корбаст шудааст.

Сипас  тасвире шоирона дар манзараи “дар оби чашм чун бод  рафтани киштии умр”:

Чун бод рафт киштии умрам бар оби чашм,
Гарчи сақил буд, вале лангаре надошт.

Лангар надоштани киштии умр, ки маъное фалсафӣ дар замина дорад, чун бод рафтани онро маънидод мекунад.

Ҳунари шоирӣ ба Камол имкон медиҳад, ки ба хаёл сурати ҷисмонӣ бидиҳад ва андешаашро равшантару шоиронатар ба тасвир орад:

Дар дарун омад хаёли рӯи ӯ шуд ақлу ҳуш,
Буд дузде бо чароғ, анвои коло бурду рафт…

Бале, хаёл дар сурати дузде, ки дар даст чароғ дорад, меояд ва ҳамаро ба тороҷ мебарад. Албатта, чунин завқи нигориш аз ҳунари тасвирсозии ғайричашмдоштест, ки хоси килки Камол аст.

Бидуни шубҳа, тасвирсозиҳои Шайх Камол бунёди ирфонӣ доранд ва шояд ҳамин сифат соҳати тасвирҳои ӯро ба баландӣ мебардорад. Сохта тавонистани шеъри ноб аз таъбирҳои ирфониву динӣ низ ҳунарест, ки дар шеъри Камол фаровон ба назар мерасад:

Дар дида хаёли қади ту рӯзи ҷудоӣ
Чун сояи тубост ба фардои қиёмат,

бубинед, то куҷо мебарояд тасвир.

Ва манзараи ҷолиби дигар дар ҳамин замина, ки боз ҳам ҷуръати озодандешии Камол ва аз зоҳирпарастӣ дур будани ӯро нишон медиҳад:

Дӣ дид қиёми ту муаззин ба намозе,
“Қадқомат”-и ӯ бурд зи ёд он қаду қомат.
Мо аз паси сад парда тамошои ту кардем,
Соҳибназарӣ ҳаст зи анвои каромат.

Ва албатта, ин “сад парда” рамзест, ки маъниҳои ирфониро маҳфуз медорад ва аз паси сад парда тамошо карда тавонистан  аз ҳунару идроки шоир дарак медиҳад.

Чунон ки мисолҳои овардашуда гувоҳанд, дар шеъри Камол тасвиргароӣ ҳунарест хосса, ки ҷазбияти шеъри ӯро  меафзояд. Аммо ин тасвирҳо дар зимн маъниҳои баланду фалсафии ҳастиро шоирона таҷассум месозанд. Чунончи:

Мо дар ту чун расем, чу рафтӣ ба сад шитоб,
Кай умри рафта кас ба давидан гирифтааст?

Шояд каси дигар гузашти умрро чунин шоирона тасвир накардааст, яъне бо давидан нарасидан ба умри равон. Ин байт ба байти машҳури Хоҷа Ҳофиз паҳлу мезанад, ки низ дар тасвири гузашти умр шоирона гуфтааст:

Фурсат намедиҳад, ки бишӯям зи дида хоб,
Азбаски тунд мегузарад ҷӯйбори умр.

Дар шеъри Камол як санъати дигар — санъати ишораро низ метавон мушоҳида кард, ки фаровон истифода ва корбурд дорад. Масалан:

Он ки ҳушам бурд аз тан накҳати пероҳанаш,
Гар биёрад бӯи ӯ боди сабо гӯям, ки кист.
Ошиқи ман кист гӯӣ, то бирезам хуни ӯ?
Ҷониби ман ҳамла кун шамшер то гӯям, ки кист.

Шоир намегӯяд, ки кист, аммо ишораҳое мекунад, то хонанда худ дарк кунад.

Як мушоҳидаи дигари мо ин аст, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ба халқ наздик аст. Аз ин рӯ истифодаи таъбиру ифода ва мазмунҳои халқӣ дар шеъри ӯ фаровон ба назар мерасад. Маҳз ҳамин сифат ба шеъри ӯ равшании маъно ва баён бахшидааст. Истифодаи фаровони мақол ва зарбулмасалҳои  халқӣ дар ашъори ӯ низ гувоҳи ҳамин аст. Чанд мисол:

Гуфтам: он ғамзаи шӯх аз чӣ зи абрӯст фурӯ,
Гуфт: Болотар аз устод дукон натвон сохт.

***

Чашмам ар хоки дарат ҷӯяд, фикан дар доманаш,
Мардумон гӯянд: Некӯӣ куну афкан ба хок.

Дар ин ҷо  як хусусияти дигари хоси шеъри Камолро  наметавон аз мушоҳида берун гузошт.  Ин ба лаҳни забони мардумӣ ва ба лаҳни гуфтори  дарӣ – тоҷикӣ наздик будани забони ашъори ӯст. Шояд ҳамин хусусият аст, ки забони шеъри Камоли Хуҷандӣ барои мо содаву равшану равону фаҳмо мебошад.

Навоварӣ ва тозагӯиҳои Камол

Камоли Хуҷандӣ шоири тозагӯву тозаҷӯ аст, аз ин рӯ тарзи хоси баёнҳои шоиронаи худро дорад. Мисол:

Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мӯе, ки ҳаст,
Дӯст медорад маро, то дӯст медорам туро.

Ҳамон вижагие, ки мо дар назар дорем, дар мисраи дуюм баён ёфтааст. Бингаред хусусияти баёни шоирро, ки мегӯяд: то туро дӯст дорам, ҳар тори мӯям маро дӯст медорад. Ва  дар он замон шояд ин гуфтор як падидаи тозаи баёни андеша ва муҳаббат дар шеъри мо будааст.

Камол ҳамеша дар ҷустуҷӯи таъбиру тасвирҳои тозаи шоирона будааст. Аҳамият диҳед ба ибораҳои “ҳуҷҷати хубӣ”, “хати мусалсал” ва “варақи офтоб” ва ин тасвири тоза дар байти зайл:

То шавад аз зулфи ӯ ҳуҷҷати хубӣ тамом,
Хатти мусалсал кашид бар варақи офтоб.

Тасвири шоиронаи Камол  ба тариқи тозаву нав дар байти зер низ дар ифодаи “аз роҳ рӯфтани ҳасад” дурахшон аст:

Ҳасад, эй зоҳид аз ин роҳ бирӯб,
Ки ҳасад дар раҳи покон хасак аст.

Чунин тарзи нигориш, яъне “аз роҳ рӯфтани ҳасад”, “ҳуҷҷати хубӣ”, “варақи офтоб” ва амсоли инҳоро, ки имрӯз дар шеъри муосири мо зиёд корбурд доранд, Камоли Хуҷандӣ дар ҳамон замони худ корбаст кардааст.

Мумтозии Камол дар санъати саволу ҷавоб

Вақте ки дар бораи ҳунари шоирӣ ва санъатофариҳои  Камоли Хуҷандӣ сухан меравад,  аз дурахшонтарин падидаи шеъри ӯ- санъати саволу ҷавоб, ки ба андешаи банда, шоир  онро то сатҳи аъло  бардоштааст, наметавон ёдовар нашуд.

Ин услуб ба шоир имкони ба тарзи дигар, ба оҳангу тасвири дигар сухан гуфтан медиҳад ва хусусан дар ғазали Камол он бо рангу бор ва оҳанги хосса ба қалам меояд:

Гуфтам: малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳарду.
Кони намакӣ ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳарду…

Ин санъат ба Камол имкон медиҳад, ки саҳнаҳои тасвирӣ ва драмавӣ ё ошиқӣ созад ва бо истифода аз муколама ба тарзи дигар баёни андешаҳо кунад. Дар ғазали зебое, ки мо дар зер намуна меорем, аксари унсурҳои санъати бадеъ хеле дурахшон ба зуҳур омадаанд ва дар ҳар байт як тасвири тозаи шоирона ва ё маънои бикру андешаи тозаи дурахшон ба ҷилва меояд:

Гуфтамаш: моҳи пур аст он чеҳра. Гуфто: Пур магӯ,
К-аз замин то осмон фарқ аст аз мо то бад-ӯ.
Гуфтам: аз чоҳи занахдони ту ҳайрон мондаам,
Гуфт: рафтастанд бисёре дар ин ҳайрат фурӯ.
Гуфтам: он мӯи миён ҳеҷ аст, ҳеҷ, ар бингарӣ,
Гуфт: агар дилбастагӣ дорӣ бад-ӯ, ҳеҷаш магӯ.
Гуфтамаш: он рангу накҳат дар гулу мушк аз чӣ аст?
Гуфт: ҳар як бурдаанд аз рӯю мӯям рангу бӯ.
Гуфтамаш: дил фикри рӯю раъйи қаддат мекунад,
Гуфт: ин раъйест олӣ в-он дигар фикри накӯ.
Гуфтам: ар бо дида бикшоям, чӣ бошад рози дил?
Гуфт: пеши мардумат тарсам, ки резат оби рӯ.
Гуфтам: аз меҳри рухат кай дил тиҳӣ созад Камол?
Гуфт: он соат, ки созад чарх аз хокаш сабӯ.

Гумон мекунам ҳоҷат ба тафсири байт ба байт ва нишон додани шеърияти баланди ин ғазал нест. Аз ҳамон мисраи аввал дар истифодаи зебои таҷнис: “пур аст” ва “пур магӯ” , таносуби “чоҳи занахдон” ва “фурӯ рафтан дар ҳайрат”  то “бикшодан бо дида” ва аз он рехтани “рози дил” чун “оби рӯ”… байте нест, ки бо тасвир ва бадеияти баланд ва зебогии баён моро мафтун насозад.

Яъне вижагии ин санъат дар шеъри Камол боз ҳам дар лутфи гуфтор ва завқи баёни андеша ва истифода аз санъатҳои шеър аст:

Гуфтамаш: аз ту кӣ дорад хабаре?
Гуфт: он кас, ки зи худ бехабар аст.

Дар ғазали дигаре, ки бо радиф меояд, ин санъат як манзараи хеле зебо, як саҳнаи пур аз тасвирҳои ноби шоиронаро ба мо ҷилвагар менамояд.

Муколамаҳои ошиқонаву шоирона дар ҳар байт манзараҳое сохтаанд бисёр ҷолибу завқовар:

Ёр гуфт: аз ғайри мо пӯшон назар! Гуфтам: ба чашм!
В-он гаҳе дуздида бар мо менигар. Гуфтам: ба чашм!

Ин муколамаи пуротифаро низ ҳар байт бо худ тасвире олиҷаноб ва баёнҳое тозаву шоирона мебарад:

Гуфт агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бубар! Гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар! Гуфтам: ба чашм!
Гуфт: агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар! Гуфтам: ба чашм!

Илова ба санъати баланди тасвир ва муколамаҳои дилпазир боз одоби гуфтору нармии муомила дар ин ғазал, воқеан, ҳамто надорад.

Тасвирҳои ноби шоирона

Дар мавриди тасвирсозиҳои беҳамтои шоир далелҳои зиёди овардашуда дар боло ва хусусан аз ашъори бо санъати саволу ҷавоб гуфташуда  аслан  кифоятанд. Аммо банда мехоҳам чанд байти ноби шоиронаро аз мавзӯъ ва мавридҳои мухталиф, ки  далели ҳунари волои шоирии Камол аст,  мисол орам.

Масалан, лутфе баландтар аз тасвири шоиронаи зер кам аст, ки шоир мегӯяд:

Чу хоки по фурӯшӣ баркашида,
Ду чашми тар бисоземаш тарозу.

Ва ё ин баҳо ва андешаи баланди шоирона дар васфи бӯса, ки назирашро танҳо дар шеъри халқӣ дидаам:

Аз коми дили ман наравад, гар биравад ҷон,
Ширинии он бӯса, ки гуфтию надодӣ.

Далели дигар дар мавриди тасвирсозии шоир ин аст, ки ӯ дар як байт натюрмортеро рассомона ба мо пешкаш мекунад:

Камол, он холи лаб норест хандон,
Ки бошад себи симинаш ба паҳлу.

Ҳузури  матоъи шеър, рӯҳия ва тасвири шоирона дар эҷодиёти Камол ҳамеша пайдост, ба монанди:

Субҳгоҳе мегирифтам иқди гесӯяш ба хоб,
З-он замон дасти хаёлам то ба акнун мушкбӯст. 

Камол — устоди таҷнис

Дар мавриди истифодаи санъати таҷнис, ки дар саросари ашъори Камоли Хуҷандӣ фаровон корбурд шудааст, бояд гуфт, ки кам шоире чунин муваффақона, рангоранг ва бамаврид тамоми намудҳои ин санъатро дар шеъраш истифода намудааст. Шоир дар истифодаи таҷнис то ҷойе комёб аст, ки ғазалҳои бо истифодаи ин санъат навиштаи ӯ кайҳост вирди забонанд. Масалан,  ғазали машҳуре, ки бо матлаи:

Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест,

оғоз меёбад.

Чанд байти ин ғазалро чун намуна меорем, ки дар онҳо таҷнисҳо ишора шудаанд:

Рӯзи нахуст, эй маҳи хубон, ба ошиқон
Рухро чаро намудӣ, агар майли мо-т нест.
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Даво-т чун бинависам, давот нест?
Доғи ҷафо ба ҷони мани хастадил манеҳ,
  Рӯзе, ки дар вафо-т бимирам, вафот нест…

Гумон мекунам барои хонандаи нуктадон ҳоҷати шарҳ нест.

Фақат ҳаминро ишора мекунем, ки истифодаи таҷнис дар шеъри Камол танҳо барои суханбозӣ ва ҷилои ҳунар нест, балки дар ҳама мавридҳо ин санъат, пеш аз ҳама, барои баёни андешаҳои шоир хидмат намуда, маъниҳои баландеро ҳидоят кардааст:

Бар дараш ҳалқа задам, гуфт: Камол,
Хоки ин дар нашавӣ дар нашавӣ.

Дар мисраи дуюм дар нашавӣ, маънои ворид нашавиро дорад.

Ду мисоли дигар:

Он хат ҳамеша мушки  Хито хондаӣ, Камол,
Дар як хат, эй аҷиб, зи чӣ чандин хато кунӣ.

***

Ҷома рангин чӣ кунӣ? Ҷом талаб, к-аз майи ишқ,
Ранг  онрост, ки дорад сифати якрангӣ,

Ин ҳамон мавридест, ки таҷнисҳо дар баёни андешаҳои бикр  хидмат кардаанд.

Зикри маъниҳои баланди ирфонӣ ва маъниофаринӣ дар шеъри Камол

Камоли Хуҷандӣ, ки мақоми шайх дошт, яъне муршид ва пешвои рӯҳонӣ, инсоне обид ва зоҳид буд,  аз  ин рӯ мутаассибони динро дар ашъораш сахт сарзаниш кардааст:

Чашм бар фардо манеҳ чун зоҳидон дидорро,
Баркушо  имрӯз чашме, кори аъмо дигар аст.

Камоли Хуҷандӣ дар муносибат бо хурофотиёну мутаассибон оштинопазир буда, кӯшидааст онҳоро ба роҳи солими шинохти дину ҳақиқат раҳнамоӣ кунад. Ва ин ҷо ишорае, ки ба даъвогарони зоҳирпарасти дин мекунад,  шояд имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст ва метавон онро такрор ба такрор зикр кард:

Илму тақво сар ба сар даъвист, маъно дигар аст,
Марди маънӣ дигару майдони даъво дигар аст.

Дар мавриди шинохти асолати дин ва Ҳақ сухани Камол парвози баланд мегирад ва хонандаро ба дарки маъниҳои баланд раҳнамоӣ мекунад:

Ошиқ ар омад ба кӯяш, дунйиву уқбо якест,
Ҷониби Тур омадан мақсуди Мӯсо дигар аст.
Ҳусни маҳрӯён чӣ мемонад ба рӯи ёри мо?
Партави маҳ дигару нури таҷалло дигар аст.
Аз дараш то равза фарқ аст аз замин то осмон,
Хоки ин дар дигару фирдавси аъло дигар аст.

Аммо, чунон ки дидем, Камоли Хуҷандӣ  дар ифодаи маъниҳои динию ирфонӣ низ аз санъат ва ҳунари баёни шоирона фаромӯш намекунад, чун дар ин байт:

Он ҷо, ки шуд ӯ ёфта худро натавон ёфт,
Ғам нест, ки сар ёбию дастор наёбӣ.

Дар мавриди даъвои “Ана-л-Ҳақ” низ ба мутаассибон ҳушдор медиҳад:

Даъвои “Ана-л-Ҳақ” сухани сахт баланд аст,
Маънои чунин ҷуз ба сари дор наёбӣ.

Ва дар мавриди андешарониҳои ростини худ ӯ ба шеъри худ ҷомаи бадеият мепӯшонад ва ин сухани ӯро муассиртар месозад. Мисли маънисозии шоиронае, ки дар поён мебинем:

Бедор шав, он гаҳ талаб он рӯй, ки ҳаргиз
Дар хоб чунин давлати бедор наёбӣ.

Аммо мушоҳида мекунем, ки тасвир ва баёни маъниҳои ирфонӣ низ дар шеъри Камол навгароёна, ба таври хоси ӯ шоирона аст:

Бебасарро чӣ баҳра аз хуршед,
Дархури нур дидаи биност.

         Ё:

Гар задӣ ҷуз ба ёди ӯ нафасе,
Он нафас нест, балки боди ҳавост.

Аслан маъниофаринӣ дар ашъори Камол дар перояи санъатҳои зебои бадеъ ва сувари хаёл (образнокӣ) сурат гирифта, ба ҳадафҳои баланди фалсафаи зиндагӣ раҳнамоӣ мекунанд. Далел:

Қатраӣ, қатра зи дарё чу ба соҳилҳоӣ,
Гар ба дарё бирасӣ, қатра наӣ, дарёӣ.

         Ё:

Гар на бо ӯйӣ, агар подшаҳӣ,  дарвешӣ,
В-ар на бо хешӣ, агар бо ҳамаӣ,  танҳоӣ!

Ишқ ва сифатҳои он дар шеъри Камол

Ишқ дар тасвири  Камоли Хуҷандӣ сифатҳои хоси худро дорад. Ишқи заминӣ ва ишқи самоӣ  дар шеъри ӯ ду боли  як парандае мебошанд, ки дар баландиҳои андеша парвоз доранд:

Ишқ дар тинати дилҳо намак аст,
Шӯри ошиқ зи само то самак аст.

Ишқ аз назари Камол ончунон  поку мубаррост, ки аз он танҳо ба “боли малакӣ” тавон парвоз кард ва Камол нақши тақдирсози ишқ ва муҳаббатро дар ҳастии инсон чунин муайян намудааст:

Нақди қалбу сараи оламро
Ишқ саррофу муҳаббат намак аст.

Ва дар тасвири шоир ишқ ягона воситаест, ки инсонро ба боло мебарад:

Сарбаландӣ талабӣ, ишқ гузин,
Исӣ аз ишқ ба боми фалак аст.

Дар мавриди таносуби ишқ ба дил ва ақл низ Камол андешаи хоси худро мегӯяд:

Хилъати ишқ нест лоиқи ақл,
К-ин қабо бар қади дил омад рост.

Аслан  саросари ашъори Камоли Хуҷандиро метавон бо як рисолаи ишқия баробар донист, ки дар он мақом, махсусият ва дараҷаву сифатҳои ишқ  тасвири фалсафию шоирона ёфтаанд.

Ба андешаи шоир, матои ишқ бо ин ҳама фарогириву неруи бузург хеле нозук аст ва ин нозукӣ сифати маъшуқаест, ки ҳадафи асосӣ ва баланди ошиқ расидан ба он аст.

Аммо ҷодаи ишқ роҳи осоне нест ва онро сабук намебояд гирифт,  ин майдон аз ошиқ ҷавонмардӣ ва сифатҳои баланд тақозо дорад:

Ишқи ту саросар ҳама сӯзу ҳама дард аст,
Ин шева ба андозаи мардест, ки мард аст.

Ва ба андешаи Камол расолати инсон дар ин ҷаҳон агар ошиқ шудан нест, пас чист суд аз будан?

Он кас, ки дар ин сарф накардаст ҳама умр,
Бечора, надонам, ки ҳама умр чӣ кардаст?

Ишқ ва ошиқ дар шеъри Камол ҳамрадифи ҷавонмардист:

Тариқи ошиқон баргиру сӯи дардмандон шав,
Ки беишқию бедардӣ набошад шеваи мардӣ.

Ва бештар аз он, ба андешаи Камол асл ва асолати инсон дар ин дунё ҳамин ишқ аст, ки ҳуҷҷаташ рӯйи сурх буда, ҳар касе ҳуҷҷати рӯи сурх надорад, тақдири нек нахоҳад дошт:

Зи ишқ имрӯз ҳар, к-ӯ сурхрӯ нест,
Ба маҳшар  номааш фардо сиёҳ аст.

Симои инсонӣ ва шоирии Камол дар муқобили таассуб ва хурофот

Аслан шоирони бузурги классики мо аксар бар муқобили таассубу хурофот ва эътиқодҳои кӯр-кӯронаи бемаънию беҳадаф, ки мардумро  аз роҳи асил ва дурусти зиндагӣ ба иштибоҳ, худфиребӣ ва бефаъолоятӣ ба таслим, ба дурӯғ мебаранд, тавассути ашъори нобашон хеле мубориза бурдаанд. Шайх Камол низ дар саросари эҷодиёташ бо унсурҳо ва амалиёти мутаассибони риёпеша мубориза бурдааст. Ӯ як инсони фаъолест ва бемайливу беҳавасӣ,  гӯшанишинӣ ва бефаъолиятиро намеписандад:

Дил ба ҷуз инкори зуҳд кор надорад дигар,
Кор ту дорӣ, дило, чун беҳ аз ин кор нест.

Яъне  ӯ самимияти дилашро болотар аз таблиғоти зоҳидону обидони замон мегузорад. Дар саросари ашъори худ Камол аз сафи озодону озодаманишон қомат боло мекунад ва аз зоҳирпарастии зоҳидони замон худро дур медорад ва ин андешаро, чунон ки дар боло гуфтем, низ ба сабке, ки баъдтар сабки ҳиндӣ ном гирифт, шоирона баён мекунад:

Ақл наёрад ниҳод бар мани бедил сипос,
Бар сари озодагон миннати дастор нест.

Аз зоҳирпарастон набудани Шайх Камол дар байти дигар низ ҷилвагар аст:

Гар биронд аз хонақоҳам пири хилват бок нест,
Дигаронро тоату моро иноят раҳбар аст.

Воқеан як инсони озодандеш ва ҷавонмард будани Камолро метавон дар баёни андешаҳои худи ӯ мушоҳида кард, чунон ки дар байти зер бебокию озодандешии ӯ хеле зебову шоирона бо кинояе баён ёфтааст:

Дар маҷлиси ваъзам ба қадаҳ беш кашад дил,
Рӯзе, ки ҳаво сард бувад, рӯзи шароб аст.

Ҳам озодандешии шоир, ҳам мазаммати худнамоии воизон ва ҳам намунаи ҳунари сабки ишорашуда дар боло дар ин байт  падид омадааст, яъне сардии маҷлисе, ки воиз ваъз мегӯяд, дар баробари сардии ҳаво.

Дар муносибати дӯстию инсонпарварӣ низ Камол назару хулқи хоси худро доштааст:

Ту душмандӯстӣ ман дӯстдушман,
Ту онӣ дар вафо, ман инам, эй дӯст.

Вожаи дӯст дар ашъори Камол, бидуни шубҳа, аввал маънои ирфонӣ дорад, аммо аз ёд набарем, ки шоирони мо дар рӯи Худо рӯи инсонро низ  дидаанд.  Ҳамин сифатҳоро метавон мансуб ба инсонҳо ҳам донист ва онҳо дар тарғиби ғояҳои дӯстӣ нақши бузург доштаанд. Банди мазкур аз он қабил аст, ки дар ин маврид таъбири “об дар ҷигарат” аз забони мардумӣ бисёр зебо ва бамаврид истифода шудааст.

Дӯст дар ҷону нест з-ӯ хабарат,
Ташна мурдиву об дар назарат,
Номи дарёдилӣ баровардӣ,
Турфа, к-ин об нест дар ҷигарат.

Хуҷастагӣ ва бозёфтҳои эҷодии Камоли Хуҷандиро дар ин мавзӯъ ва мавзӯъҳои дигар метавон идома дод.

Ба худ иҷозати он ҷуръатеро медиҳам, ки дар ҷамъбасти ин  мақолаи кӯтоҳ хулоса ва бардошти мухтасари худро пас аз мутолиаи “Девон”-и Камол дар мавриди мақоми шоирии  Камоли Хуҷандӣ баён намоям. Ин вижагӣ дар он баён меёбад, ки Камоли Хуҷандӣ дар замони бурузи баланди шеъри классикони мо- аз Рӯдакӣ то Мавлавӣ ва хусусан Саъдиву Ҳофиз тавонист забон, ҳунар, сабк, услуб ва симои хоси эҷодии худро биофарад, дар он замоне, ки аксари шорони девондор хеле ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Ҳатто дар мавриди ашъори шайх Саъдӣ, ки Камол ба шеъри ӯ тазминҳо низ баставу аз осори ӯ устокорона дар шеъраш иқтибосҳо овардааст, наметавон гуфт, ки Камоли Хуҷандӣ тақлид ва такрори ӯро карда бошад. Баръакс, чунонки мо мухтасар дидему ишора кардем, Камоли Хуҷандӣ як шоири ҳунарманд ва эҷодкорест, ки ба шеъри классикии мо бо нафасҳои тозаи худ навгониҳои дурахшоне ворид намуда, сатҳи ҳунарии шеърро бо вежагиҳои хос боло бардоштааст. Ин аст, ки эътирофи Камол дар қатори бузургтарин шоирони классики мо адолати таърихӣ ва адабист, ки наметавон инкор кард.  Имрӯз дар асри бисту як, дар замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва эҳёи навини маънавии миллатамон бо изҳори  қадрдонии баланд, бо як муҳаббати хосса ба хоки Хуҷанд, ба Ватан ва зодгоҳи аслиаш овардани марқади Камоли Хуҷандӣ бо иқдоми Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон шоистаи ҳамду ситоишҳост.

Шеъри мондагори Камоли Хуҷандӣ имрӯз ҳам бо ҳамон тозагию маъруфият вирди забони мардуми шеърпарасти тоҷик аст ва хидмати бебаҳои худро  барои ҷомеа мекунад. Далеле бештар барои исботи нубуғи ин шоири тавоно наметавон овард. Беҳуда нест, ки худи ӯ гуфтааст:

То навиштам сифати рӯйи ту дар дафтари хеш,
Бӯйи гул мешунаванд аз варақи ашъорам.

Октябрь 14, 2020 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад