Барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя дар Тоҷикистон 109 имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шудаанд

Октябрь 16, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 16.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Саҳми бахши хусусӣ  дар Маҷмӯи  Маҳсулоти Дохилӣ /ММД/ аз 30 фоизи  соли 2000  то 70 фоиз дар соли  2020 зиёд гардида,  қариб 80 фоизи  пардохтҳои  андозии  буҷети  давлатӣ  ва 67 фоизи  аҳолии фаъоли  иқтисодӣ аз ҷониби  бахши хусусӣ  бо шуғл таъмин карда мешаванд.

Ин матлабро Раиси  Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт» доир гардид, зикр кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад, ки  ҳамоиш дар доираи  чорабиниҳои марбут ба Рӯзи соҳибкорон гузронида шуда, дар он  намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва шарикони рушд  иштирок намуданд.

Раиси  Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо дахли  рушди соҳибкорӣ дар мамлакат изҳор дошт, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон  ва дар натиҷаи татбиқи созандаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати  мамлакат дар ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ислоҳоти  куллӣ гузаронида шуда,  ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии мардуми ҷумҳурӣ  то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.

Фаррух Ҳамрализода афзуд, ки   бо назардошти  афзалияти  муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат  тадбирҳои  зарурӣ барои  идомаи раванди  татбиқи ислоҳоти  иқтисодӣ дар самти  дастгирии  соҳибкорӣ дар  ҷумҳурӣ,  аз ҷумла бо назардошти  пешгирии таъсири  пандемияи сироятии COVID-19 ва хавфҳои эҳтимолии он ба иқтисодиёти миллӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ин росто бо мақсади  ҳалли бевоситаи  мушкилоту масъалаҳои  соҳибкорону   сармоягузорон  ва андешидани тадбирҳои  саривақтӣ Шӯрои машваратии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ  дар

мамлакат фаъолият менамояд, ки намояндагони бахши хусусӣ  ва коршиносони  ташкилоти  байналмилалии молиявӣ ба ҳайати он шомиланд. Барои  баррасии масъалаҳои муҳим  дар сатҳи маҳал ҷиҳати татбиқи қонунгузории  ҳимоя ва дастгирии  соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ 69 шӯрои машваратӣ  оид ба беҳтар намудани  фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шудаанд. Ҳамзамон барои дастгирии субъектҳои  соҳибкорӣ  пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ бо истифоа аз технологияи  иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина хизматрасониҳои электронӣ  зиёд карда шудаанд.

Инчунин бо мақсади  дастгирии  фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории  истеҳсолӣ ва бартараф кардани  монеаҳои мавҷуда  се маротиба- солҳои  2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020  ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории  истеҳсолӣ  мораторий эълон гардидааст. Ҷорӣ намудани  низоми «Равзанаи  ягона» ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти  содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои  сарҳадӣ, инчунин механизми

равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати  корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди  шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир  бо истифодаи технологияҳои  иттилоотӣ кори  соҳибкоронро осон намуда,  ба рушди муназзами   фаъолияти соҳибкорӣ  мусоидат намуда истодааст.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо  ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои охир барои  ҳимояву дастгирии  фаъолияти соҳибкорӣ  ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок  дар маҷмӯъ 109  имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуда,  танҳо солҳои  2016-2018  маблағи  умумии  имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил дод, ки тибқи таҷрибаи  муосири  байналмилалӣ,  аз дастгирии назарраси  Ҳукумати мамлакат барои  рушди соҳибкорӣ  шаҳодат медиҳад.

Дар натиҷаи  татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат  ва Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар доираи таъмини рушди  босуботи  иқтисодӣ ва таҳкими  ҳамкорӣ  бо шарикони байналмилалӣ ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди мамлакат, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати ҷумҳурӣ  равона шудаанд, сол аз сол  афзоиш ёфта,  корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди  истифода қарор дода мешаванд. Ин нишондиҳанда дар ҳолест, ки мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардида, тибқи ҳисоботи «Пешбурди  соҳибкорӣ» Тоҷикистон  чор маротиба- солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019  ба даҳгонаи кишварҳои  пешсафи ислоҳотгар  шомил гардид.

Дар ҳамоиш  Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид   дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта,  Роҳбари  Шӯрои ҳамоҳангсозии  шарикони рушд, намояндаи  доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  Ян Питер  Олтерс, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Хуршедаи Қодир,  коршиносон ва соҳибкорон  сухан карданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба ислоҳот  вобаста ба беҳсозии фазои   сармоягузориву  соҳибкорӣ, имконоти нави сармоягузорӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат монеаю мушкилоти соҳибкориву сармоягузорӣ  ва роҳҳои бартараф намудани онҳо матраҳ гардид. Инчунин  вобаста ба натиҷаҳои таҳлил  оид ба таъсири  пандемияи COVID-19  ба соҳибкории хурду миёна  дар мамлакат, лоиҳаи  «Барномаи дастгирии  давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2021-2030», идоракунии корпоративӣ  ва дигар масъалҳои мубрам  баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки  намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон барои  рушди истеҳсолоти  ватанӣ, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот  нигаронидашуда, таъмини бозори  дохилӣ бо маҳсулоти  рақобатпазир донишу малака ва имконоти худро  равона намуда,  барои дарёфти фишангҳои нави  иқтисодӣ ҷиҳати ба бозори ҷаҳонӣ баровардани  маҳсулоти ватанӣ саъю талош намуда, саҳми назаррас мегузоранд.

Октябрь 16, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд