Беш аз 30 нафар мутахассисони ширкатҳои брокерии Тоҷикистон такмили ихтисос намуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 30 нафар мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ аз ширкатҳои брокерии Тоҷикистон, назири «Интертранс», «Ягонагии Суғд», «АМРО», «Тоҷиквнештранс», «Сайёр Суғд», «Трансимпэкс», «ТЭК Фирдавс», «Декларант», «Рушди Суғд» ва «Трайд» дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
Машғулият аз тарафи устодони донишкада ва бо ҷалби кормандони масъули раёсатҳои дастгоҳи марказии мақомоти гумрук тибқи «Барномаи таълимии такмили дараҷаи тахассусӣ барои мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ» гузаронида шуд.
Дар машғулият ба шунавандагон оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» тавзеҳ дода шуд.
Ҳамчунин Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, ташкили фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, декларатсияи гумрукии мол, асосҳои батанзимдарории давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти умумӣ оид ба низомҳои гумрукӣ, оид ба пардохтҳои гумрукӣ, шакл ва тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол, мафҳум, моҳият ва мақсадҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумрук, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, брокерони гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодаи онҳо, мафҳум ва зарурати татбиқи СИАЯ (Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона) ва «Равзанаи ягона» дар мақомоти гумрук, батанзимдарории тарифию гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва системаи идоракунии таваккал мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Инчунин барои дуруст ҳисоб намудани пардохтҳои гумрукӣ ва дастрасии маълумот дар самти фаъолияти гумрукӣ ба шунавандагон истифода аз имконоти дар Портали иттилоотию маълумотии СИАЯ мавҷуд буда ва тартиби истифодаи сомонаи Хадамоти гумрук омӯзонида шуд.
Ҳамзамон тарзи назорати шакли электронии декларатсияи бори гумрукӣ дар Портали иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии СИАЯ фаҳмонида шуд, ки онҳо метавонанд тавассути он ҷараёни қабули Декларатсияи бори гумрукиро дар СИАЯ мушоҳида намоянд. Дар анҷоми машғулияти омӯзишӣ ба 32 нафар шунавандагон- мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ аз ширкатҳои брокерии ҷумҳурӣ сертификат супорида шуда, ба онҳо тавсия дода шуд, ки ҳангоми тартиб додани декларатсияи бори гумрукӣ талаботи фармоиши сардори Хадамоти гумрукро доир ба «Дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ» қатъиян риоя намоянд.








Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






