COVID-19. Дар Тоҷикистон 90,9%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Октябрь 20, 2020 18:04

ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 20 октябр ба 10574 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 54 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9617  (90,9%)  баробар гардид. Бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Октябрь 20, 2020 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо имконоти сайёҳии дараи Ромит шинос мешаванд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иқтидори бойи обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Хадамоти алоқа иштирокчиёнро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои меҳмонон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Иштирокдорони ин чорабинӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад