COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9852 нафар расид

Октябрь 2, 2020 17:50

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 2 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  9852 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат  8661  ё худ 87,9%-и гирифторон шифо ёфта, 77 нафар вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 68 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Октябрь 2, 2020 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?