Дар ҳамаи участкаҳои шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, интихобот ҷараён дорад

Октябрь 11, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 11 октябр, аз соати 06:00 дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Дадобоев, субҳи барвақт дар участкаҳои шаҳрии интихоботии №4-и ҳавзаи интихоботии №26, воқеъ дар бинои Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар сокинони маҳаллаи Масҷиди Савр ва Чаҳорчароғ бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ҳозир гардида, ба номзади арзандаи худ овоз доданд.

Яке аз аввалинҳо шуда, ба участкаи интихоботии №4 раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода омада, дар баробари  дигар  сокинони Тоҷикистон дар ҳузури мушоҳидони байналмилаливу миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳалливу ҷумҳуриявӣ бо мақсади рушди босубот ва тараққиёти ояндаи давлат ба номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Ҳамчунин донишҷӯйи курси аввали Донишкадаи савдо ва иқтисоди Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Шукрулло Шарифҷонов, ки бори аввал бо масъулияти баланд ва ифтихор аз соҳибистиқлолии мамлакат  ба участкаи интихоботӣ ҳозир гардидааст, раъй дод ва аз ҷониби шарҳрдори Хуҷанд бо туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси участкаи интихоботии №4 Абдуҷаббор Ғанизода иттилоъ дод, дар ин участка, ки дар ҳудуди он ду маҳаллаи шаҳр – Масҷиди Савр ва Чаҳорчароғ ҷойгиранд, барои фаъолияти ҳайати комиссияи интихоботӣ ва баргузории ин маърака  тамоми шароит фароҳам оварда шуда, дар маҷмӯъ, дар он 1541 нафар ба рӯйхат гирифта шудаанд. Аз ин шумора 6 нафар шаҳрвандони 18-сола мебошанд, ки бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок мекунанд.

Инчунин дар ҷараёни интихобот 7 нафар беморон ва шахсони барҷомонда тавассути гурӯҳи сайёр аёдат карда шуда, онҳо низ дар раъйдиҳӣ иштирок менамоянд.

Мувофиқи маълумоти раёсати омори шаҳри Хуҷанд, шумораи аҳолии шаҳр 184 600 нафарро дар бар гирифта, аз он 664 нафар дар чунин маъракаи сиёсӣ бори аввал ширкат мекунанд.

Ҳамзамон ба иттилои масъулини комиссияи интихоботии ҳавзаи Хуҷанд №26, имрӯз баҳри баргузории интихоботи президентӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд, дар маҷмӯъ, 1 ҳавза ва 64 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд, ки ҳоло дар ҳамаи онҳо ин маъракаи муҳими сиёсӣ хуб  ҷараён дорад.

Октябрь 11, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон