Дар Донишгоҳи давлатии Данғара давраи омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи давлатҳои Аврупо ба роҳ монда мешавад

Октябрь 17, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 17.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 20 октябри соли 2020 то 1 июни соли 2021 оид ба татбиқи навгониҳои таҷрибавии низоми таҳсилоти олии мансуб ба давлатҳое, ки ба  Ҷараёни Болон- раванди конвергенсия ва ҳамоҳангсозии системаҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо бо мақсади ташкили минтақаи ягонаи таҳсилоти олии аврупоӣ ворид гардидаанд ва дигар давлатҳои мансуб ба рушди инноватсионӣ  дар сохтор ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии Данғара   бо истифода аз таҷрибаи давлатҳое чун Ҷумҳурии Мардумии Чин, Швейтсария, Германия, Австрия, Сингапур, Ҳиндустон, Нидерландия Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Гурҷистон ва Молдова, давраи  омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи ин давлатҳо роҳандозӣ мегардад. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, раиси Шӯрои олимони донишгоҳ, профессор Нуралӣ Шоҳиён  16 октябр дар ҷаласаи  навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ иброз дошт.

Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҷаласа   асосан масоили вобаста ба иҷрои тағйирот ва навгониҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар соли таҳсили 2020-2021, пешниҳодҳо оид ба татбиқи таҷрибавии низоми таҳсилоти олии мансуб ба давлатҳои Ҷараёни Болон, меъёрҳои рейтингӣ ва таъсиси грантҳои дохилидонишгоҳӣ барои дастгирии беҳтарин дастовардҳо   мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олиро зарур аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро  дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалӣ омӯзонанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонида, то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилро таъмин намоянд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои олимон ҳамчунин доир ба татбиқи меъёрҳои болозикр грантҳои ҳармоҳа оид ба натиҷагирии талаботи мазкур пешбинӣ гардид.

Ҳамзамон барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ дар асоси стандарти ягонаи Донишгоҳи давлатии Данғара бо назардошти қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгороне, ки дар якҷоягӣ бо донишҷӯён таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва  ихтироъкорию навоварӣ ба роҳ мондаанд, ба омӯзгороне, ки маҳфилҳои забондониро дар сатҳи баланд ба роҳ мемонанд ва ба ин восита донишҷӯён сатҳи баланди забондонии касбии соҳавиро аз худ менамоянд, омӯзгороне, ки дар ҳамкорӣ бо корфармоҳо  донишҷӯёнро бо ҷойи кор таъмин менамоянд, грантҳои алоҳидаи хурди дохилидонишгоҳӣ таъсис гардидаанд.

Октябрь 17, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд