Дар мактабҳои миёнаи умумии ноҳияи Восеъ озмунҳои фаннӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон даври минтақавии озмунҳои фаннӣ ҷараён доранд. Ба ин давр хонандагоне, ки аз фанҳои забону адабиёт, риёзӣ, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, таъриху география ва дигар фанҳо дониши аъло доранд, роҳ ёфтаанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Муҳаммад Орифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «дар ноҳия даври мактабии озмуни фаннӣ ҷамъбаст гардида, даври минтақавии озмун дар 4 деҳоти ноҳия ҷараён дорад. Даври ноҳиявии озмунҳо 1 ноябр дар маркази ноҳия гузаронида мешавад. Иштироки фаъоли хонандагон дар озмун натиҷаи бурдани корҳои тарбиявӣ ва робитаи наздики волидон бо мактаб мебошад. Шуъбаи маорифи ноҳия барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври минтақавии озмунҳои фаннӣ шароити мусоид фароҳам овардааст».
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ 21 озмун ва олимпиадаҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаҳои фаннии математика ба номи Умари Хайём, технологияи иттилотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ, физика (астрономия) ба номи Абӯрайҳони Берунӣ, химия ба номи Закариёи Розӣ, биология ба номи Абӯалӣ Сино, география ба номи Носири Хусрав, ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир, таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, забони русӣ ба номи Александр Пушкин, забони англисӣ ба номи Уилям Шекспир, олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои синфҳои 9-10), олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (барои синфҳои 9-10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (барои синфҳои 5-8), олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ «INTEX», олимпиадаи «Spelling Bee», олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва озмуни «Хонандаи сол» ташкил карда шудаанд, ки дар тамоми муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд.








Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад






