Дар мактабҳои миёнаи умумии ноҳияи Восеъ озмунҳои фаннӣ ҷараён доранд

Октябрь 27, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Восеи вилояти Хатлон даври минтақавии озмунҳои фаннӣ ҷараён доранд. Ба  ин  давр  хонандагоне, ки аз фанҳои забону адабиёт, риёзӣ, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, таъриху география  ва дигар фанҳо дониши аъло доранд, роҳ ёфтаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Муҳаммад Орифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «дар ноҳия даври мактабии озмуни фаннӣ ҷамъбаст гардида, даври минтақавии озмун дар 4 деҳоти ноҳия ҷараён дорад. Даври ноҳиявии озмунҳо 1 ноябр дар маркази ноҳия гузаронида мешавад. Иштироки фаъоли  хонандагон дар озмун натиҷаи  бурдани   корҳои тарбиявӣ ва   робитаи наздики волидон бо мактаб  мебошад.  Шуъбаи маорифи ноҳия   барои  дар сатҳи баланд гузаронидани  даври минтақавии  озмунҳои фаннӣ   шароити мусоид фароҳам овардааст».

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ 21 озмун ва олимпиадаҳо гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,  олимпиадаҳои  фаннии  математика ба номи Умари Хайём,  технологияи иттилотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ, физика (астрономия) ба номи Абӯрайҳони Берунӣ,  химия ба номи Закариёи Розӣ, биология ба номи Абӯалӣ Сино,   география ба номи Носири Хусрав, ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир,  таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров,  аз фанҳои  забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, забони русӣ ба номи Александр Пушкин, забони англисӣ ба номи Уилям Шекспир, олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои синфҳои 9-10), олимпиадаи даставӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (барои синфҳои 9-10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (барои синфҳои 5-8), олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ «INTEX», олимпиадаи «Spelling Bee», олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва озмуни «Хонандаи сол» ташкил карда шудаанд, ки дар тамоми муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд.

Октябрь 27, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд