Дар минтақаи Кӯлоб дар 129,6 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
КӮЛОБ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 399,4 гектар ҷангалзор барқарор ва 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст. Дар ин ниҳолхонаҳо буттаву дарахтони гуногун парвариш карда мешаванд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад.
Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст.
Кормандони хоҷагиҳои ҷангал хуб медонанд, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






