Дар Москва машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия баргузор гардиданд

Октябрь 9, 2020 11:56

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Россия Андрей Руденко роҳбарӣ карданд.

Дар машваратҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Аҳамияти амалисозии батадриҷи тавофуқҳое, ки байни сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст таъкид гардид.

Зарурати истифодаи васеи зарфиятҳои парлумонҳои ду кишвар, танзими сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ва баргузор намудани ҳамоишҳои байнипарлумонӣ таъкид шуд.

Аз ҳамкории босамари ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.

Акс аз ВКХ

Октябрь 9, 2020 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст