Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин панҷ иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд

Октябрь 27, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи таҷлили солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин   бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва ҷалби соҳибкорон панҷ иншооти иҷтимоии нав мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар ноҳия мумфарш намудани роҳҳо, бунёди коргоҳҳои  истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо, инчунин сохтмони иншооти гуногуни дорои аҳамияти иҷтимоӣ бо маром ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар доираи сафари корӣ 24 сентябри соли равон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба    соҳибкорони маҳаллӣ, ки бо ҳисси  баланди ватандӯстӣ  дар  корҳои созандагӣ саҳми фаъол мегузоранд, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро  нишонаи олии ватандӯстӣ  арзёбӣ карданд.

 

Октябрь 27, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд