Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва беш аз 90% интихобкунандагон овоз доданд

Октябрь 12, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар интихоботи президенти Тоҷикистон дар участкаи интихоботии Сафорати ҷумҳурӣ дар Москва беш аз 90% аз шумораи умумии интихобкунандагон овоз доданд. Дар ин бора 11 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ба ТАСС хабар додааст.

Сафир таъкид кард, ки умедҳо ва интизориҳо дар мавриди иштироки интихобкунандагон  бароварда шуданд ва дар участкаи интихоботии Москва фоизи зиёди овоздиҳандагон ба қайд гирифта шуд. “Тақрибан то соати 16:00 90-95% одамоне, ки мо интизорашон будем, омада, овоз доданд”, — гуфт ӯ.

«Мехоҳам зикр кунам, ки аз субҳи барвақт қатори  хоҳишмандони овоздиҳӣ хеле дароз  буд. Ва то ҳол интихобкунандагон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони мо, ки дер боз дар ин ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд,  ба овоздиҳӣ меоянд. Миёни овоздиҳандагон ҷавонон ва донишҷӯён низ зиёд буданд. Райъдиҳандагон на танҳо аз Москва, балки аз атрофи он — аз вилояти Москва, Рязан, Иваново ва дигар минтақаҳо барои иштирок дар интихобот меомаданд», — илова кард ӯ.

Ба гуфтаи дипломат, сафорат интизор дорад, ки дар участкаи интихоботӣ ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванд овоз хоҳанд дод.

Овоздиҳӣ ором, муташаккилона ва бо дарназардошти вазъи уфунӣ ва риояи меъёрҳои санитарӣ сурат гирифт.

“Ягон ҳолати риоя накардани қоидаи интихобот сабт нашудааст. Ҳамаи одамон аллакай ҳама чизро пешакӣ медонистанд, зеро пеш аз интихобот мо дар байни шаҳрвандони худ тавассути ВАО корҳои зиёди иттилоотӣ гузаронида будем. Аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба таври васеъ истифода шуд. Дар натиҷа, имрӯз теъдоди зиёди шаҳрвандони мо омада, овоз доданд».

ДАР АКС: овоздиҳӣ дар Сафорати ҶТ дар ФР. Акс аз манбаҳои озод

Октябрь 12, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон