Дар се участкаи интихоботии Хоруғ то соати 11:00 зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагон раъй доданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. Овоздиҳӣ дар участкаи интихоботии №11, воқеъ дар бинои муассисаи таълимии рақами №2 шаҳри Хоруғ аз соати шаши субҳ оғоз ёфт. Аъзои комиссияи участкаи интихоботӣ тамоми кӯшиши худро ба он равона намуданд, ки барои овоздиҳандагон, мушоҳидон, нозирони байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шароити мусоид фароҳам оранд. Раъйдиҳандагон бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ба ҳуҷраи овоздиҳӣ ворид мешаванд. Дар даромадгоҳи участкаи интихоботӣ табибон ҳарорати бадани ҳар овоздиҳидандаро санҷида, дастонашро бо маҳлули антисептикӣ безараргар мегардонданд. Чунин гузориш медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан аз ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ба иттилои мавсуф, дар ин участкаи интихоботӣ 1686 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 14 нафари онҳо бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд. Яке аз онҳо Дилноза Ризвоншоева аст, ки соли равон ҳамин таълимгоҳро хатм намуда, ҳоло дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад. Дилноза аз он ифтихор дорад, ки дар баробари дигар ҷавонон бори аввал ба хотири рушди бештари Тоҷикистон овоз медиҳад.
Собиқадори меҳнат Элчизан Бекикова ҳарчанд борҳо дар интихоботи гуногуни мамлакат ширкат варзидааст, аммо имрӯз боз ҳам дар ҳаяҷон аст. Зеро ба гуфтаи вай, «иштирок дар интихобот масъулияти бузург аст ва мо дар ин рӯз тақдири 7 соли ояндаро муайян мекунем. Роҳеро интихоб мекунем, ки моро ба мақсудамон бирасонад ва насли оянда аз интихоб ва мавқеи мо изҳори ризоятмандӣ кунад».
Дар участкаи интихоботии №12, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №1 шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, овоздиҳӣ муташаккилона шурӯъ шуд. Дар ин участкаи интихоботӣ 1880 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки 12 нафарашон бори аввал раъй медиҳанд. Заррина Паллаева яке аз он нафаронест, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунад. Ҳайати комиссияи участкаи интихоботӣ Зарринаро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, ба вай туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд. Солҳо мегузаранд, шояд минбаъд низ Заррина дар маъракаҳои дигари сиёсӣ ширкат хоҳад кард, аммо ин рӯз аз хотираш зудуда намегардад.
Собиқадори меҳнат Назарсултон Шакармамадова бо хоҳиши худ ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуд. Гуфт, ки ҳарчанд каме худро нороҳат ҳис мекунад, аммо зарур шумурд, ки дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ шахсан ширкат кунад.
Участкаи интихоботии №13, воқеъ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №11 ҷойгир аст. Як тан узви участкаи интихоботӣ Гавҳарниссо Бодурова гуфт, ки “дар участкаи онҳо 630 нафар овоздиҳандагон сабти ном шудаанд, ки 6 нафарашон бори аввал дар чунин маъракаи интихоботӣ ширкат меварзанд. Ба сабаби беморию барҷомондагӣ 17 нафар ба участкаи интихоботӣ омада наметавонанд ва аз ин рӯ ба назди онҳо қуттиҳои сайёр фиристода мешаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки маъракаи овоздиҳӣ дар сатҳи баланд доир гардад”.
Аз комиссияи ҳавзаи интихоботии Хоруғ,№18 иттилоъ доданд, ки дар ҳар се участкаи интихоботӣ то соати 11.00 зиёда аз 50% овоздиҳандагон дар раъйдиҳӣ ширкат намудаанд. Ба қавли мушоҳидону нозирон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, то ҳоло ягон камбудӣ ба қайд гирифта нашуда ва овоздиҳӣ мутобиқи меъёру талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






