Дар Тоҷикистон низоми пардохтии нав – «UnionPay International Co., Ltd» ба фаъолият шурӯъ мекунад
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон низоми нави пардохтии «UnionPay International Co., Ltd» ба фаъолият оғоз мекунад. Дар робита ба ин Бонки миллии Тоҷикистон ба низоми пардохтии «UnionPay International» иҷозатнома дод.
Бонки миллии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад, ки иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «UnionPay International» ба муҳлати 3 сол дода шудааст.
Дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Идораи низоми пардохтии бонки мазкур уҳдадор карда мешавад, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






