Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Душанбе идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи дуюм аст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар ин даври озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо мегузоранд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
“Имрӯз дар озмун довталабон аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд”,-афзуд манбаъ.
Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур довталабони зиёд иштирок намуда, 170 нафар беҳтаринҳо ба даври шаҳрии он роҳхат гирифтаанд. Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст. Вобаста ба ин 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Тибқи Низомномаи соли 2020 ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он номинатсияи шоирӣ илова гардид. Ҳамчунин имсол дар ҳар номинатсия ба шашнафарӣ аз рӯи ҷойҳои ба даст овардаашон мукофотпулӣ тақдим мегардад.








Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид






